arzon replenishment
11-фоидаи ҳамхобагӣ
21012

 

Муносибати маҳрамона на танҳо барои давом додани насл зарур аст, балки боиси болидаруҳ ва ҷавону зебо мондани инсон низ мегардад. Баъзан одамон ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтида, сабаби руҳафтодагии худро намедонанд.

Ин ҳолат аз норасоии ишқу муҳаббат ва набудани муносибати маҳрамона далолат медиҳад. Мехоҳед донед, ки ишқварзӣ ба саломатӣ чӣ фоида дорад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Фишори руҳиро рафъ месозад
Вақте ду нафар ҳамдигарро дӯст медоранд ва муносибати маҳрамона мекунанд, фишори хунашон муътадил гашта, болидаруҳ мегарданд ва сатҳи ҳормонҳо ба эътидол меояд. Пас аз ишқварзӣ эҳсоси ноумедӣ гум шуда, кас аз фишори руҳӣ халос мешавад.

Масунияти бадан баланд мегардад
Таҳқиқотҳо исбот намуданд, ки дилдодагон назар ба одамони танҳо солимтаранд. Гап дар сари он аст, ки ҳафтае аз 2 маротиба бештар муносибати маҳрамона доштан боиси баланд шудани масунияти бадан мегардад. Вақте ки иммунитет баланд шуд, кас аз шамолкашӣ ва бемориҳои вирусӣ дар амон монда, тез-тез касал намешавад.

Хароб шудан мехоҳед?
Дар давоми ним соати ишқварзӣ наздики 90 килокалория маҳв гашта, нафаскашӣ ва набзи инсон муътадил мегардад. Ҷараёни мубодилаи модаҳо дар организм хеле хуб сурат гирифта, кори узвҳои дохила ба низом медарояд. Касоне, ки аз вазни зиёдатӣ халос шудан мехоҳанд, бояд бештар ишқварзӣ кунанд, чунки ҷимоъ ба харобшавӣ мусоидат намуда, равғани шикамро об мекунад.

Бемориҳои дилро пешгирӣ менамояд
Мунтазам пеш бурдани ҳаёти маҳрамона кори дилро тақвият бахшида, таппиши онро ба эътидол меорад. Нафароне, ки дар як ҳафта бештар аз як маротиба муносибати маҳрамона доранд, хеле кам гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он мегарданд.

Эътимод меафзояд
Ишқу муҳаббати асил ва мубоширати мунтазам эътимоди инсонро нисбат ба хеш меафзояд. Кас худро дӯстдоштаю маҳбуб эҳсос намуда, лаззати хушбахтии комилро мечашад. Муносибати маҳрамонаи пур аз меҳру муҳаббат гувоҳи он аст, ки шумо барои ҳамсаратон ҷолиб ва дӯстдоштанӣ ҳастед.

Оиларо мустаҳкам месозад
Вақте зану мард солҳои зиёд бо сабабҳои гуногун аз ҳам ҷудо ҳастанду муносибати маҳрамона надоранд, бинои бахташон оҳиста-оҳиста рӯ ба вайронӣ меорад. “Ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар механдад” гуфтани халқ беҳуда нест, вақте ду кас ҳамдигарро дӯст медоранд ва сар ба як болин мениҳанд, кинаву адоват наметавонад онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Хоҳед, ки дар қалбатон ҳамеша баҳор бошад, бештар ишқварзӣ намоед, зеро ҳама гуна хафагиву ранҷишро тавассути меҳру навозиш рафъ сохтан мумкин аст.

 


 

Баъзеҳо то ҳол бар он андешаанд, ки бо оби дар офтоб гармшуда таҳорат кардан боиси пайдоиши бемории сафедпӯстӣ, ки онро пес ҳам мегӯянд, мегардад, вале...



Дардро кам мекунад

 

Аксари бонувон бо баҳонаи дарди сар ё фишори баланд аз оғӯши шавҳарашон гурехта, аз муносибатҳои маҳрамона дурӣ меҷӯянд. Дар асл ин амали онҳо бар зарари худашон аст. Хонумҳои азиз, фаромӯш насозед, бо шарофати окситотсин, ки дар натиҷаи мубошират пайдо мешавад, кори тамоми ҷисм ба эътидол меояд ва ҳама гуна дард рафъ мегардад.

Пешгирии простатит
Мунтазам мубошират намудан хатари пайдоиши як қатор бемориҳои мардона, хоса простатитро 20 маротиба камтар месозад. Хотиррасон бояд кард, ки мубоширати то ба охир нарасида ба саломатии мард таъсири манфӣ мерасонад.

Мушакҳо бақувват мешаванд
Бақувват шудани мушакҳои узвҳои коси хурд бемориҳои ҷинсиро ҳам дар зану ҳам дар мард бартараф месозад. Занҳое, ки вақти ишқварзӣ то ба қуллаи баланди кайфият расида метавонанд, зудтару осонтар фарзанд ба дунё меоранд.

Хоби бароҳат
Ҳангоми ишқварзӣ моддаи окситотсин хориҷ мегардад, ки бар асари он ҷисм пурра ором гашта, дар натиҷа хоби инсон бароҳат мегардад. Аксаран пас аз мубоширати шабона кас болидаруҳ ва бо нерӯи тоза аз хоб бедор мешавад.

Ҷавон мондан хоҳӣ, ишқварзӣ намо!
Нафароне, ки ҳафтае 2–3 маротиба муносибати маҳрамона доранд, ҷавониву зебоияшон бардавом мемонад. Меҳрварзӣ мубодилаи модаҳоро фаъол намуда, коркарди коллаген ва эластинро, ки барои ҷавонии пӯст ҷавобгар ҳастанд, дучанд месозад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД