Sebiston new 2024 october
5 -хатои зан дар ҷойгаҳ аз нигоҳи мард
191172

 

Аксари занону мардони тоҷик дар мавзӯи муносибатҳои маҳрамона гап заданро шармандагӣ ҳисобида, дар ин хусус ҳаргиз ошкоро лаб ба сухан намекушоянд.

Шарм албатта зинннати инсон аст, вале қаробати ҷинсиро дар вуҷуди зан ва мард худи Худо ҷой додаасту аз он роҳи гурез нест. Шумо мехоҳед ё не, дилатон навозиш ва муҳаббат мехоҳад. Ҳурмату эҳтироми шавҳар, хизмати хусуру хушдоман, муносибати нек бо аҳли оила-ин ҳама танҳо дар он сурат занро хушбахт месозад, ки дар бистари хоб муносибаташ бо мард гарм ва ширину лаззатбахш бошад. Бовар кунед, агар шумо аз субҳ то шом мӯятонро ҷорӯбу дастонатонро оташкоб карда, хизмати хусуру хушдоманро ба ҷо биёред, дар як рӯз 10 хел хӯроки бомазза пазед, вале оғӯши шавҳаратонро ба таври бояду шояд гарм карда натавонед, тамоми меҳнату хизматҳоятон дар чашми мард наменамоянд ва ҳатман дар ҷустуҷӯи зани дигар меафтад. Зане, ки дар ҷогаҳи хоб ӯро қонеъ гардонида тавонад.

Айби худ бубину...

Бештари занҳо ба дугонаҳояшон дарди дил карда, аз шавҳар шиква мекунанд: «Хӯррок мекашад, сигор мекашад, суст аст, зиёд гап мезанад....» Дар зери ҳамаи ин суханон норозигӣ аз ҳаёти маҳрамона пинҳон аст. Ҳамхобагӣ низ аз кас ҳунар ва маҳорати хосро талаб менамояд. Имрӯз мо дар бораи 5 хатогии маъмулии занон маълумот медиҳем, ки дили мардро хунук месозад. Ногуфта намонад, ки ин хатоҳоро тақрибан 80% - занон содир карда, баъдан ангушти ҳайрат мегазанд, ки чаро шавҳарашон духтарбозӣ мекунад ё аз пушти занҳои бегона медавад.

Хатои №1-шармгинӣ

Хатогии рақами яки занҳо дар ҳамхобагӣ ин шармгинӣ аст. Бигузор бадани шумо ба Айшвария Рай монанд набошад, аммо ин сабаб шуда наметавонад, ки барқро хомӯш карда баъд ба ҷогаҳи хоб дароед ё дар зери кӯрпа пинҳон шавед. Фаромӯш накунед, ки «Мард бо чашмонаш дӯст медорад!”


Чаро мардҳои тоҷик аз зани босавод ва коргар мисли бало ҳазор мекунанд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар мардон ҳамсӯҳбат гаштем.

 


Хатои №2: Бетарафӣ

Аксари хонумҳо фикр мекунанд, ки дар ҳамхобагӣ мард ҳамеша бояд кӯшиш кунад, ки занро қонеъ созад. Дар асл ин хел нест. Ҳамхобагӣ бозиест, ки бояд зану мард дар он як хел бозӣ кунанд. Навозиш кардан ҳамчунеоне, ки ба зан хушоянд аст, мардро низ хуш меояд. Вақте ки ҳамсараш дар бистар занро навозиш мекунад, шавқу ҳаваси мард бештар мегардад.

Хатои №3: Беҷуръатӣ

Дар ҳамхобагӣ занон бисёр вақт беҷуръатона рафтор мекунанд. Шарм надошта ба мард бигӯед, ки диатон чӣ мехоҳад. Ин барои ҳарду хуб аст. Вақте ки мард хостаи дили занро анҷом медиҳад, ҷараёни ҳамхобагӣ барои ҳардуяшон фораму дилкаш хоҳад гашт.

Хатои №4: Серҷоғӣ

Бисёри занон ба ҷои навозишу меҳрубонӣ дар бистари хоб ба гуфтани суханҳои нолозим шурӯъ мекунанд. Мард рӯзи дароз кор крада хаста мешавад ва мехоҳад дар оғӯши ҳамсараш ба маънои томаш дам гирад, вале серҷоғии зан боиси безобитагиаш мегардад.

Хатои №5:Гигиена!

Мардон занҳои хушбӯй,тоза ва зебоеро, ки ҳамеша худро нигоҳубин мекунад, дӯст медоранд. Пеш аз ҳамхобагӣ ҳатман оббозӣ кунед, атру упо занед, либоси тоза ба бар намуда, кокулонатонро шона кунед, то ки оташи шавқу ҳавас дар дили мард шӯълавар гардад.

Калиди бахт дар таги болишт

Бонувони азиз, ҳар як зан мехоҳад хушбахт шавад, вале бисёриҳо як сирри оддиро намедонанд. Калиди хушбахтии зану мард дар хонаи хоб, дар зери болини шумост. Оғӯши шавҳаратонро гарм карда, ҳам аз шириниҳои ҳаёт лаззат баред ва ҳам хушбахтии оилавиии худро таъмин намоед.

 


-Бале, торти фаллагин дар баробари хушмазза буданаш, барои саломатӣ хеле фоидабахш аст, зеро дар таркибаш калсий дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Гуля 2023-10-02, 09:48
Чаро факта занхоро мегуед.Магар бо марди Мась хамхобаги кардан чоиз АСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Гуля 2023-10-02, 09:48
Чаро факта занхоро мегуед.Магар бо марди Мась хамхобаги кардан чоиз АСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД