shoh palace
13-роҳи муҳофизати мӯй аз нурҳои офтоб
1569

 

 

Бо фаро расидани фасли тобистон ҳоли мӯйҳоям табоҳ–хушку тираву беҷон мегарданд. Наход офтоб мӯйро ҳам сӯзонад?

Дилноза, ш. Душанбе

Дар ҳақиқат нурҳои ултрабунафши офтоб мӯйҳоро мехушконанд, зудшикан ва беҷон месозанд. Мо ба шумо дар боби муҳофизати мӯйҳо дар фасли тобистон чанд маслиҳати судманд медиҳем:

  1. Сари луч мегашта бошед, аз малҳамҳои махсуси аз нури офтоб муҳофизаткунанда барои мӯй истифода баред.
  2. Воситаҳои аз офтоб ҳифзкунандаро баъди бо шампун сар шудан ба мӯй мемоланд ва мӯйро обгардон намекунанд.
  3. Малҳами махсуси мӯйро надошта бошед, метавонед дар рӯзҳои офтобӣ малҳами муқаррарии аз офтоб ҳифзкунанда-СПФ-ро, ки барои рӯй пешбинӣ шудааст, ба мӯйҳоятон молед. Дар ин ҳолат баъди ба хона омадан саратонро бо шампун шӯед.
  4. Мӯйҳои аллакай аз офтоб осебёфтаро бо муолиҷаҳои косметикӣ табобат кардан лозим аст.

Барои мӯйи хушк

2 қошуқ саршир (сливки), 0,5 қошуқча равғани зайтун ё равғани растаниро бо 1 қошуқча шарбати лимӯ омехта карда ба мӯйи тару тоза ва ба пӯсти саратон моледу баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
Барои мӯйи муътадил

Зардии тухми хомро лат зада, 1 қошуқ равғани зайтун, 1 қошуқ асал (агар аллергия надошта бошед) ва 1 қошуқча шарбати олучаро ба он андохта нағзакак омехта намоеду ба мӯятон молед. Пас аз 20 дақиқа бо оби ширгарм саратонро шӯед.

  1. Мӯйҳоятон аз таъсири офтоб беҷон гашта бошанду думчаҳояшон гул кунанд, витамини Е кӯмак мекунад. Ин витаминро дар шакли моеи равғанин ё капсула дар дорухонаҳо мефурӯшанд. Равғани витаминдорро ҳафтае як бор пеш аз саршӯӣ ба нӯги мӯйҳо молидан лозим аст. Баъди 20 дақиқаи молидани витамин ба мӯйҳо зардии тухми хомро молида, 15 дақиқа нигоҳ доред, сипас саратонро бо об шӯед. Шампун лозим нест.
  1. Мӯйҳоятон равғанин бошанд, як қошуқчагӣ фаллаи беравған, шир ва шарбати лимӯ, 2 қошуқ дилаи олучаи бепӯстро якҷоя кунед. Малҳамро ба мӯю пӯсти сар молида, нағзакак молиш диҳед ва 10-12 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби ширгарм кокулонатонро обгардон кунед.
  1. Ҳар рӯз бо шампун саратонро нашӯед. Шампун қиматбаҳо бошад ҳам, дар сурати зиёд истифода бурдан мӯйи сарро хушк ва беҷон месозад.
  1. Хуб мебуд, ки барои муҳофизати мӯйҳоятон аз нурҳои офтоб дар фасли тобистон аз гиёҳобҳои тобистона истифода баред.
  1. Шампун, ниқоб, балзамҳое, ки шумо дар фасли гармо истифода мебаред, бояд нармкунанда бошанд.
  1. Воситаҳои шустушӯе, ки шумо барои пок кардани кокулонатон аз чангу ислосӣ истифода мебарад, дар таркибашон равғани жожоба, зайтун, шираи пӯсти булут (кора дуба) дошта бошад, беҳтар аст.
  1. Вақти шустани сар калаатонро ҳарчи поёнтар хам кунед. Гардиши хун дар ин ҳолат меафзояд. Ин амал барои қувват гирифтани решаи мӯйҳо муфид аст.
  1. Мӯятонро дар офтоб нахушконед. Нурҳои бошиддати офтоб барои мӯйи тар зарарноканд.
  1. Тобистон аз шонаи дандонаҳояш дур-дур истифода баред, то ки ба мӯй ҷароҳат нарасонад. Вақти шона кардани мӯйи тару дақшуда, мӯйро накашед. Шонакуниро аз нӯги мӯй сар кунед.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД