formula
15-тоҷикро барои никоҳи қалбакӣ бо занҳои рус суд карданд
880


Додгоҳи ноҳияи Ростови вилояти Ярославли Русия ду сокини ин вилоят ва як зодаи Тоҷикистонро дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавассути ақди никоҳи қалбакии 15 шаҳрванди Тоҷикистон бо занони сокини шаҳрҳои Ростов Великий ва Гаврилов-Яма гунаҳкор шинохт, вале ба далели бо тафтишот ҳамкорӣ карданашон онҳоро ҳукми шартӣ дод.


Ин се нафар аз ҷониби кормандони раёсати вилоятии ФСБ дастгир шуда буданд ва тафтиши парвандаашонро низ ФСБ пеш мебурд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл рӯзи 19- августи соли 2022, дар пайи судури ҳукми ҳарсе айбдоршаванда, гуфт:
“Дар рафти баррасии парвандаи ҷинояти айбдоршавандагон гуноҳи худро пурра эътироф ва изҳори пушаймонӣ карданд.

Бо қарори додго, онҳо ба содир кардани ҷинояти дар қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия пешбинишуда, яъне “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) гунаҳкор дониста шуданд.
“Як зани айбдоршаванда ба 4 соли зиндони шартӣ бо 3 сол муҳлати санҷишӣ маҳкум гардида, ду нафари дигар мутаносибан 2 солу 10 моҳ ва 2 соли 6 моҳ ҳукми низ шартӣ гирифтанд”-менависад Бомдод.


Ин парвандаи пурсарусадои зидди се ташкилкунандаи он канали муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар вилояти Ярославл ҳанӯз моҳи апрели соли 2022 ба додгоҳ супурда шуда буд. Ҳарсе айбдоршаванда ба гуноҳи худ иқрор ва бо тафтишот ҳамкорӣ кардаанд. Ба ҳамин далел, онҳо ҳукми шартӣ гирифтанд. Вагарна ба онҳо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бар асоси моддаи 322.1 то 7 соли зиндон таҳдид мекард

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД