Дар майдони "Ғалаба"-и шаҳри Истаравшан маросими гусели тантанавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони шаҳру деҳоти Истаравшан бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ихтиёран ба артиш сафарбар шуданд.
Маросим бо ҳузури намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон, шахсони масъул, роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр, омӯзгорон, падару модарон ва ҷавонон сурат гирифт.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби шуҷоату мардонагӣ буда, ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони содиқи кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда иброз доштанд, ки бо садоқат, масъулияти баланд ва муҳаббат ба Ватан қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат хоҳанд кард.
Падару модарон ва наздикони даъватшавандагон низ аз ба хизмати ҳарбӣ рафтани фарзандонашон изҳори ифтихор намуда, ба онҳо дар роҳи иҷрои вазифаи муқаддаси ҳифзи Ватан барору комёбӣ орзу карданд.
Гуфта шуд, ки даъвати тирамоҳӣ тибқи нақша дар тамоми ҷамоату маҳаллаҳои Истаравшан идома хоҳад ёфт ва мутмаинанд, ки ҷавонон мисли ҳамеша бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хизмат ҳозир мешаванд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, тибқи анъана, маросими нонгазонии модарон барои ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда баргузор гардид. Ҳамчунин, ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёну ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш карда шуд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ