shoh palace
16 маслиҳат ба марде, ки зани ҳомила дорад
5470


Зан аз чӣ ба ваҷд меояд? Албатта аз дидани гул ва ҳарфи пур аз меҳру муҳаббат! Магар гулу суханони пурмеҳр ба зани ҳомила низ таъсир мерасонад?

Эҳтимол зан аз гул аллергия дошта бошад ва ё ба ҷои меҳрубонӣ катчаи кӯдакона мехоста бошад. Пас, чӣ бояд кард? Бо кадом роҳҳо зани ҳомиларо шод гардондан имкон дорад?
Тавре маълум аст, ҳолати зан бо тифли батн алоқамандии зич дорад. Инак, зане, ки дар батнаш тифл дорад, аз чӣ ба ваҷд омада метавонад?

Такягоҳ бошед
Шумо бояд зуд-зуд ба хоҳишҳои зани ҳомилаатон: «Бале, ҷонакам», «Бигзор гуфти ту шавад », «Ман розӣ» гуфта тавонед. Фаромӯш накунед, ки дар вақти ҳомиладорӣ занҳо зудранҷ мешавад ва беш аз ҳар вақти дигар ниёз ба муҳаббат доранд.

Бо хӯроки бомаза таъмин намоед
Оқиле гуфтааст, ки зани ишкамаш сер- зани меҳрубон мешавад. Шумо дар фикри шод сохтани завҷаатон бошед, албатта ҳар рӯз пурсед, ки дилаш чӣ мекашад. Табъу завқи занҳо ба хӯрок дар давраи ҳомиладориашон тағйир ёфта метавонад. Ҳамсаратон то ҳомила шудан ширинихӯрак бошад, метавонад дар давраи ҳомиладорӣ ба бодиринги шӯр ё шӯрмоҳӣ дил бандад.

Сурат гиред
Аксгирӣ –хотира барои тамоми умр аст. Ҳар як зан мехоҳад бо шавҳару фарзандонаш аксҳои хотирмон дошта бошад. Дар давраи ҳомиладориаш бо ҳамсари шикамдамидаатон сурат гирифта, шумо то кадом андоза муҳим будани ӯро барои худ амалан нишон медиҳед.

Либоси кӯдакона харед
Аслан либосхарӣ шуғли дилписанд аст, вале баъзан дилгиркунанда низ буда метавонад. Бо занатон баъзан мағоза ба мағоза гашта, барои тифлаки ояндаатон либосҳои аҷиби кӯдакона харед, ин амали шумо хотири ҳамсаратонро шод гардонида, эътимоди ӯро ба зиндагӣ қавӣ мегардонад.

Дар либоспӯшӣ ба зан кӯмак расонед
Ҳангоми либоспушӣ ва пойафзолпушӣ ба зани ҳомила ёрӣ расонида, шумо ҳам кори савоб мекунед ва ҳам хотири ёратонро шод месозед.

Болишти ҳомиладорӣ харед
Айни замон барои занҳои ҳомиладор болиштҳои махсусе фурӯхта мешаванд, ки модари оянда дар он бароҳат хуфта метавонад. Занатонро дӯст доред, барояш чунин болишт харед.

Ҳамроҳи занатон ба ташхис равед
Вақте фаҳмидед, ки занатон бояд ба назди табиби занона равад, тамоми кору бори худро як тараф гузошта, модари фарзандатонро ҳамроҳӣ намоед.

Руҳан дастгирӣ намоед
Баъзе бонувон ҳангоми аз ташхис гузаштан дар дил ҳарос доранд. Дар ин лаҳзаҳо зани ҳомиладорро шердил намуда, шумо сари ӯро ба осмон мерасонед.

Ҳамроҳ сайругашт кунед
Ҳавои тоза ва гаштугузор ба модаршавандаҳо хеле муфид аст, вале дар чунин лаҳзаҳо зани ҳомиладорро танҳо нагузоред.

Мева биёред
Меваҳои тару тоза оварда, шумо ба саломатии модари фарзандатон ҳам фоида мерасонеду ҳам хотирашро шод мегардонед.

Хушгӯӣ кунед
Шумо бояд ҳар рӯз нишон диҳед, ки бо вуҷуди ҳомила буданаш занатон бароятон дилкашу дӯстдоштанӣ аст. Ҳар қадаре метавонед хушгӯӣ карда, табъи модари фарзандатонро болида гардонед.

Ғамхорӣ намоед
Вақте занатон истироҳат карданӣ мешавад, ба зери пояш болишт гузоред, бо ин роҳ варами пой ва шахшавии хунро нигоҳ доштан имконпазир аст.

Маҳс кунед
Маҳси сабук ва молидани равған ба ишками зани ҳомила ҳолаташро сабук месозад.

Хоби бароҳатро таъмин созед
Аксари бонувони ҳомила аз бехобӣ ва бо душворӣ хобидан шикоят мекунанд. Кӯшиш намоед, ки ҳангоми хоб буданаш чизе ба зан халал нарасонад.

Бӯса кунед
Дар вақти ҳомиладориаш аз ҳарвақта бештар занатонро ба оғӯш кашида бӯса кунед, то ӯ ҳис кунад, ки бароятон азиз аст.

Изҳори сипос намоед
Хӯрокпазӣ, кори хона ва дарзмолкунии либос аз зани ҳомила машаққати зиёдеро талаб мекунад, аз ин рӯ, баъди хӯрдани хӯрок ва пӯшидани либоси озода изҳори сипос карданро фаромӯш насозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД