shoh palace
17 кӯдак фавтиду 14 хонандаи дигар ҷароҳат бардоштанд
4477

 

Як мошини боркаш якбора беш аз 30 нафар мактаббачаро пахш намудааст. Фоҷеаи хунин дар ҳоле рух додааст, ки кормандони пулис ронандаи мошини боркашро таъқиб карда, дастгир кардан мехостанд…


“Ин ҳодисаи хунин дар Нигерия рӯй дода, як мошини боркаш якбора 17 хонандаи мактаби Лагосро пахш намудааст,”- менависад рӯзномаи "Vanguar".
Тавре Спутник дар такя ба ин манбаъ хабар медиҳад, фоҷеа замоне рух додааст, ки ронандаи мошини боркаш мехост аз таъқиби пулис фирор кунад. Дар ин асно якбора гурӯҳи калони мактабачаҳо пайдо мешаванд ва ронанда қудрати идора кардани мошинро аз даст дода, теъдоди зиёди кӯдаконро пахш мекунад.
Ронандаи ба даҳшат афтода аз тарс рӯ ба гурез ниҳода, 17 кӯдаки бегуноҳ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 14 мактаббачаи дигарро бо захму ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол доданд.
Шоҳидони ҳодиса ронандаро таъқиб намуда, пас аз боздошт шадидан зери мушту лагад гирифтаанд ва мошинашро оташ задаанд.
Мардуми ҷамъомада мехостанд, "қотил"-и кӯдаконро ба қатл расонанд, вале кормандони пулис садди роҳи онҳо шуданд.
Мухолифати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба шаҳрвандони Нигерия писанд наомад ва онҳо идораи пулисро мавриди ҳамла қарор дода, чанд мошини пулисро оташ заданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД