19 ноябр Рӯзи байналмилалии мардҳо
Ҳамасола 19 ноябр дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мардҳо таҷлил мегардад. Ин сана ба хотири арҷгузорӣ ба мақому манзалати мардон, эътирофи саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои саломатӣ, тарбия ва некӯаҳволии мардону писарон таҷлил карда мешавад.
Рӯзи байналмилалии мардҳо бори нахуст 19 ноябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго бо ташаббуси омӯзгори таърих Ҷером Тилуксингҳ (Jerome Teelucksingh) таҷлил гардид. Баъдан ин иқдом дар кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором, ҳавзаи Кариб, Амрикои Шимолӣ, Шарқи Наздик, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон густариш ёфт. Имрӯз ин рӯзро дар беш аз 80 кишвари ҷаҳон таҷлил мекунанд.
Мақсади асосии таҷлили Рӯзи байналмилалии мардҳо баланд бардоштани мақоми иҷтимоии мардон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таваҷҷуҳ ба саломатии ҷисмонию равонии онҳо, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ мебошад.
Ҳамасола ин рӯз бо шиор ва ҳадафҳои муайян таҷлил мегардад. Масалан, соли 2003 ба масъалаи саломатии мардон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, он соли 2003 Соли саломатии мардон муаррифӣ шуда буд.
Дар Тоҷикистон низ масъалаи эҳтиром ва қадршиносии мардон ҷойгоҳи хос дорад. Ҳарчанд Рӯзи байналмилалии мардҳо — 19 ноябр дар кишвари мо ба таври расмӣ таҷлил намегардад, аммо ҳамасола 23 феврал, дар Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардонро ба муносибати ин сана табрик мегӯянд.
Албатта, 23 феврал дар тақвими расмии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ сабт шудааст ва аз ҷиҳати мазмуну моҳият аз Рӯзи байналмилалии мардҳо фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин, дар анъанаи иҷтимоии кишвар ин сана ба як рӯзи қадршиносии мардон низ табдил ёфтааст. Зеро мардон на танҳо ҳомиёни Ватан, балки такягоҳи оила, таъмингари рӯзгори хонадон ва иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Абдуғаффор Шодиев