formula
Модар фаришта аст
5424


Занонро гар зӣ дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Модар! -Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар маънии бузург ниҳон аст. Модар фариштаи меҳру муҳаббат буда, дар олам бузургтару муқаддас тар аз ӯ дигар ҳеҷ мавҷуде нест. Модар аст, ки ҷони худро дар хатар гузошта моро ҷон ато мекунад ва бо шири сафеду шираи ҷонаш ба камоламон мерасонад. Имрӯз ана ҳамин мавҷуди беназири олам ид дорад ва мо дар “Рӯзи МОДАР” андешаи чанд нафар ҳамдиёронамнро дар бораи модар пурсон шудем.


Ворисшоҳи Умрибой, корманди Agentstva.tj:


Пеши модарон сари таъзим фуруд меорам!
Мавҷуди дарёдиле, ки умри худро, вақти худро, ҷони ҷавони худро баҳри фарзанд сарф мекунад. Инсоне, ки мӯйи қатрониашро барои фарзанд сафед мекунад. Фариштаи эҷозкоре, ки ба якмавҷуди дигар зиндагӣ мебахшад. Ман дар симои зан-модар маҳз ана ҳамин мавҷуди бузург вабеҳтарин офаридаи офаридгорро дида пеши модарон сари таъзим фуруд меорам. Идатон муборак, модарони азиз!


Гулчеҳра Сайфиддинова, устоди ДМТ:

Аввалин устоди башар модар аст!
Ман дар симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсони рӯи замин ҳаётро офаридааст. Модар аввалин устоди башарият аст, зеро зан-модар бо шири сафедаш фарзандро ба воя расонида, ба ӯ шеваи роҳ рафтан, ҳарф задан ва одам буданро меомӯзонад. Пуштибоне боэътимодтар аз модар дар тамоми дунё вуҷуд надорад. Танҳо зан-модар аст, ки мисли фариштаи нигаҳбон дар тамоми ҳолатҳо аз фарзанди дилбандаш пуштибнӣ карда, ҳаргиз ӯро танҳо намемонад. Идро аз самими қалб ба тамоми бонувон, ба ин фариштаҳои заминӣ муборакбод мегӯям!


Анушервон Бақозода, донишҷӯ:

Ҷаннат дар зери пойи модарон аст!
Ман дар симои зан-модар фариштаро мебинам, чунки модарон дар ҳақиқат аз фариштаҳо ягон камӣ надоранд. Паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С.С) таъкид кардааст, ки ҷаннат зери қудуми модарон аст ва ман барои дарёфти ризои модар чизеро дареғ намедорам. Беҳуда нагуфтаанд:
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Он чи дорад ин ҷамоат, аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи сухан фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфта: ҷаннат зери пои модар аст.


Суман Убайдуллозода, донишҷӯ:

Модар беҳтарин ганҷинаи олам аст!
Модар беҳтарин неъмат ва қимматтарин ганҷи олам атс, ки насиби ҳар як инсон мегардад. Вуҷуди мо бе вуҷуди модар аслан дар рӯйи замин имкон надорад, аз ҳамин хотир ҳар як нафас шукрона бояд кард. Шукронаи модар ва шукронаи меҳри беназираш, ки моро ҳастӣ бахшидааст. Ибтидову интиҳои ҳаёт шумоед, идатон мубрак модарон!


Каримзода Шаҳром, донишҷӯ:

Зан шабеҳи офтоб аст.
Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:

Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонанд». Дар ҳақиқат модар кони муҳаббатанд. Зан ба сони офтоб бо шуълаҳои гарми меҳраш тамоми ҷаҳонро гармӣ мебахшад. Модарон дар парвариш ва тарбияи мо ранҷи беандоза мекашанд аз ҳаимн хотир бояд ба қадри модар ва заҳматҳои ӯ расид ва пешаш сари таъзим фуруд овард. Бузургии зан-модарро бо сухан ифода кардан бениҳоят душвор аст, аз ҳамин хотир суханро ба дарозо накашида тамоми занону духтарон ва мдарони азизро бо идашон муборакбод мегӯям ва баряшон тани сиҳату хотири шод таманно дорам!

Шердил Каримов, устоди ДДОТ:

Пас аз Паёмбар дар ситоиши модар чӣ метавон гуфт?
Вакте паямбарамон Ҳазрати Муҳаммад (С. С) ҷаннатро дар зери қудуми модарон гуфтаанд, дигар дар ситоиши модар болотар аз ин сухане наметавон пайдо кард. Модарон қаҳрамони ҳамешагии зиндагии мо. Фарзандон ҳастанд. Наметавон зиндагиро бидуни вуҷуди Зан-Модар тасаввур намуд. Аз ҳаимн хотир тамоми бонувонро бо ин иди зебо бо “Рӯзи модар” муборакбод мегӯям.

Фаридун Сафарзода, донишҷӯ:

Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати модари хеш дарёбад. Ин суханони банде не, балки суханони донишманди бузурги лам Оноре де Балзак дар васфи модар аст. Дар ҳақиқат бузургтар аз меҳри модар дар тамоми дунё ҳеҷ меҳру муҳзаббатеро наметавон пайд кард. Зан-модар мисли чароғи мунавварест, ки зиндагии моро равшан месозад. Модар ганҷини ноёб аст ва касе, ки ба қадри модар намерасад, аз дунё гумном меравад. Идатон муборак бошад, модарони азиз!

Меҳроншоҳ Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД