formula
193 мошин роҳҳои Душанберо аз барф тоза мекунанд, вале...
1050


Боришоти пуршиддати барф, ки аз дирӯз боз мерезаду мерезад, ҳаракати нақлиётро душвор гардонида, мушкилоти зиёдеро пеш овард, вале аз субҳи имрӯз бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 193 мошини барфтозакунӣ ба тоза кардани роҳҳо шурӯъ намуданд, то ки ҳаракати нақлиёти мусофиркашонӣ ба танзим дароварда шавад.

Ба иттилоъи шаҳрдорӣ 3 ҳазору 949 адад нақлиёти мусофиркаш, аз ҷумла 375 троллейбусу автобус, 962 маршрутка ва бар замми ин, таксиҳои ширкатҳои мухталиф имрӯз дар хизмати сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор доранд, аммо новобаста ба ин, норасоии нақлиёти мусофиркашонӣ ҳанӯз эҳсос шуда, мусофирон барои аз як гӯша ба гӯшаи дигари шаҳр сафар намуда душворӣ мекашанд. Ҳукумати шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ба кӯча набароянд.
“Аз тамоми сокинони пойтахт хоҳиш мекунем, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд ва аз сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳр худдорӣ намоянд. Ба хотири риояи бехатарӣ аз нақлиёти шахсии худ истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашонӣ истифода баранд”-омадааст дар муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт.
Шаҳрдорӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки мардум ҳагоми истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд ва кӯдакони хурдсолро дар хона танҳо ва бе назрорат нагузоранд.
Тибқи маълумотҳои Агентии обу ҳавосанҷии кишвар ҳавои сард боз чанд рӯзи дигар боқӣ монда, аз 12 то 15 дар аксари минтақаҳо, хоса дар водиҳо ва минтақаҳои баландкӯҳ боришот идома хоҳадёфт. Ҳарорати ҳаво шабона аз -13 то-18 ва рӯзона аз- 3то- 8 дараҷа хунук мешавад. Дар ин рӯзҳо хатари яхбандӣ, фаромадани тарма ва туман дар назар аст, бинобар ин, ҳангоми ҳаракат дар роҳ, махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бояд буд.
Бо сабаби номусоидии обу ҳаво боғчаҳои бачагона муввақатан кор намекунанд, таътили хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, то 16 январ дароз карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД