35 years of independency
20 ҳазор сомонӣ барои беҳтарин ролики тарбиявӣ
04.11.2026
Kamoliddin
50

20 ҳазор сомонӣ барои беҳтарин ролики тарбиявӣ

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни навбатии «Беҳтарин ролики тарбиявӣ»-ро эълон кардааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД, озмун бо мақсади тарғиби эҳтиром ва қадршиносии заҳматҳои омӯзгорон, таҳкими арзишҳои оилаи солим ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор мешавад.

Озмун аз рӯйи ду номинатсия - «Эҳтироми омӯзгор» ва «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир мегардад. Давомнокии роликҳои пешниҳодшаванда набояд аз панҷ дақиқа зиёд бошад.

Муҳлати ниҳоии қабули корҳои эҷодӣ то 1-уми декабри соли 2026 муқаррар шудааст.

Дар ҳар як номинатсия се ғолиб муайян гардида, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд:
Ҷойи якум — 20 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм — 15 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм — 13 000 сомонӣ

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи шарту талаботи озмун хоҳишмандон метавонанд бо рақами (+992) 900 91 96 91 тамос гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД