toyota motors
200 нафар занони зиндонии тоҷикро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд
145

200 нафар занони зиндониро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар ин хусус Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия зимни суҳбат бо ТАСС иттилоъ додааст.

Москалкова гуфтааст, ки барои интиқоли 200 нафар занони маҳбус аз Русия ба Тоҷикистон ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, посухи мусбат гирифтааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон Татяна Москалкова аз вазъи маҳбусзанони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки онҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд ва наметавонанд саривақт хешовандони худро бубинанд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки 200 нафар занони зиндонӣ кай аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД