Commerce bank may-june 2026
25 ҷанҷоли тақдирсӯзи оилавӣ, ки бо хунрезӣ ва куштор анҷом ёфтаанд
169

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи одамкушӣ ва сӯйқасд ба куштор рӯй додааст. Таассуфовар аст, ки нисфи ин ҳодисаҳои нохуш дар пайи моҷароҳои оилавӣ сар задаанд.

Тавре вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва дигар масъулини ин ниҳод гуфтанд, дар ин давра бо сабаби ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ 25 ҳодисаи нохуши куштор рӯй додааст.

Коршиносон сабабҳои асосии кушторҳои оилавиро ба рашк, хиёнат, майзадагӣ, ҳисси интиқом, дахолати шахсони сеюм, баҳсҳои молиявӣ ва талоқ рабт медиҳанд.

Солҳои охир зӯроварӣ дар оила ба яке аз мавзуҳои доғи ҷомеаи мо табдил ёфта, моҷароҳои оилавӣ баъзан то ба худкушӣ ё куштори зан ба дасти шавҳар, шавҳар ба дасти зан, келин ба дасти хушдоман, хушдоман ба дасти келин, бародар ба дасти бародар ё падару модар ба дасти фарзанд бурда мерасонанд, ки хеле нигаронкунанда ва боиси таассуф мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД