Бениҳоят аз Аҳмадҷон дилсард шуда будам. Дар байн хусуру хушдоманам яке паси дигаре фавтиданд. Ба ман мисли падару модар, ки буданд, ба ҷанозаашон хуни борон мегиристам. Ноодамиамро бинед, ки аққалан як бор ба шавҳарам ҳамдардӣ баён накардам.
Ҳамин тавр солҳо гузашт. Шавҳарам бемор шуд. Шавҳарамро ба беморхона бистари кардем. Фаҳмидем, ки шавҳарам гирифтори саратон шудаасту...
Фаҳмидем, ки шавҳарам гирифтори саратон шудаасту аллакай барои табобат дер ҳам шудааст. Хеле пушаймон шудам. Дарун -дарун худамро мехӯрдам, ки ҳамширае омаду маро даъват кард. Фаҳмам, шавҳарам маро ҷеғ зада будааст. Ба ҳуҷраи шавҳарам рафтам. Бо овози ларзон салом дода, ҳолпурсӣ кардам.
- Хубӣ Сайрам,- бо ҳамон овози зебояш номамро гирифта пурсид ӯ.
- Хубам. Шумо беҳтар шудед?
- Не, акнун ман беҳтар намешавам. Дигар барои беҳтар шудан имкон ҳам нест. Медонам рӯзҳои башумори зиндагиям мондааст. Мехоҳам аз дунё беармон равам. Мехоҳам бо ту оштӣ карда равам. Сайрам, ман қазияи ангуштарини Сайёра навишташударо ба ту мефаҳмонам. Ман барои зодрӯзи ту ангуштарин гирифта будам. Ангуштарин ниҳоят зебо буд. Дохилашро ҳам надидаам. Вақте аз тилофрӯш чаро Сайёра навишта шудааст гуфта пурсидам, ҷавоб дод, ки ин тилоро аз як келинчаки дармонда харида будааст. Бечора келинчак аз тангдастӣ маҷбур шудааст ангуштарини шавҳараш туҳфа кардаро фурӯхта, барои бачаҳояш хӯрока гирад. Акнун фаҳмидӣ. Фаҳмидӣ, ки ман ба ту хиёнат накардаам?
Ман боз ҳунг-ҳунг гиристам:
- Чаро ҳамон вақт омада нагуфтед?
- Ту барои сухан гуфтан имкон надодӣ. Ҳоло рав ҳамон сандуқи модарам додаро кушо. Рӯймолчае ҳаст, ҳамон рӯймолчае, ки ту ба ман дӯхта будӣ. Онро кушо, дохилаш туҳфае ҳаст. Онҳоро биёр, ба дастонат кун. Бори охир туҳфаамро ба дастат бинаму беармон аз олам чашм пӯшам.
Чихеле ки шавҳарам гуфт, ба хона ба тезӣ рафтам. Аз дохили сандуқ рӯймолчаро гирифтам. Мактуб ҳам дошт. Ӯ дар мактуб қазияи ангуштаринро якто - якто навишта будааст. Мехондаму мегиристам...
Дар рӯймолча як каф ангуштарин буд. Ангуштаринҳо аз якдигар зебо буданд. Нағз нигоҳ кунам, дохили ангуштарин "Сайрамам" навишта шудааст. Боз дар ҳар яки он рӯзи зодрӯзам ва соли гирифтаашро навиштааст. Охиронаш соли 2025. Ангуштаринҳоро ҳисоб кардам, ки 25 дона баромад. Хеле афсӯс хӯрдам. Пушаймониву надомат дарунамро мехӯрд. Фаҳмидам, ки ман 25 соли пурнадоматро паси сар кардаам. Аз як тараф ҳақиқат ошкор шуд. Аз тарафи дигар, рӯзҳои башумори шавҳарам монда буд...
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ