arzon replenishment
3 маслиҳат ба зане, ки мехоҳад бо шавҳараш хушбахт бошад
800

 

Мехоҳед донед, ки барои хушбахтии оилавӣ зан бояд чӣ кор кунад? Пас мутаваҷҷеҳ бошед! Имрӯз мо ба шумо дар бораи 3 қадами муҳими зан барои хушбахт кардани худ ва шавҳараш маълумот медиҳем.

1. Зан буданатонро фаромӯш накунед

Сарфи назар аз он ки шумо хонашин ҳастед ё коргар, бояд ҳеҷ гоҳ зан буданатонро фаромӯш накунед. Кӯшиш намоед, ки ҳамеша дар назди шавҳаратон тозаю озод ва зебою дилкаш бошед. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки шумо бояд ҳар рӯз ба кошонаи ҳусн равед ё чун раққосаю сарояндаҳо либос пӯшед. Ҳамеша либоси қимматбаҳо пӯшидан ва даҳ хел рангро ба чашму абрӯи худ молидан ё ботекс кардану мижгонҳои сунъӣ часпонидан шарт нест. Зан бояд ҳамеша тозаву озода бошад, бо шавҳараш меҳрубонона муносибат намояд, мардро таъна назанад ва аз ҳама муҳимаш, қошу қавоқ гиронда, бо талаботҳои беохираш мудом ба асаби шавҳар нарасад.

2. Хонаро тозаву озода нигоҳ доред

Қадами дуюм ва хеле муҳим барои хушбахтии оилавӣ тозаву озода нигоҳ доштани хона аст, вале дар ин кор низ зан набояд ба зиёдаравӣ роҳ диҳад. Ду поятонро ба як мӯза андохта, аз мард талаб накунед, ки қолинҳои гаронбаҳои туркӣ ва мебелҳои хориҷӣ харад. Хонаи шумо бо ҷиҳози оддӣ низ дилкаш ба назар мерасад, агар курпаю курчапаҳо ҳамеша тоза, чангу гарди манзил покшуда ва зарфҳо шустагию ҳавои манзил аз бӯйи бад орӣ бошад. Барои ин хонаро ҳар рӯз рӯбучину пок карда, тирезаҳоро ақаллан ним соат кушода мондан лозим аст, то ки ҳавои хона тоза шавад. Ба ғайр аз ин, зан бояд кӯшиш кунад, ки барои аҳли оила хӯрокҳои бомазза пазад ва вақте шавҳараш кор мекунад, фарзандонашро бо коре андармон намуда, оромии хонаро таъмин намояд.

Хулоса, шумо бояд коре кунед, ки мард баъди рӯзи дароз ва хастакунандаи корӣ мисли уқобе, ки ба сӯйи лонааш парвоз мекунад, сӯйи хона шитобад.

3. Зан бояд мардро гӯш кардаву шунида тавонад

Муносибатҳои заношавҳарӣ танҳо аз сар гузоштан ба як болин ва фарзанд ба дунё овардан иборат нест. Зан бояд барои шавҳараш ба ғайр аз ҳамсар будан, ҳамчунин дӯсти хуб бошад ва мардро гӯш карда тавонад. Вақте ки шавҳаратон аз кор баргашт, ӯро бо лаби пурханда пешвоз бигиред, шикамашро сер кунед ва баъдан ҳатман дар бораи кору бораш ва он ки имрӯзро чӣ гуна гузаронд, пурсон шавед, вале на мисли муфаттиш, балки ҳамчун як дӯсти содиқ, ҳамдам ва меҳрубон.

Аз ҳама муҳимаш, зан бояд содиқона шавҳарашро дӯст дорад, дар акси ҳол на бо фарзанд, на бо тозагию озодагӣ ва на бо хӯрокҳои бомаззаю самбӯсаю торту ширинӣ мардро дошта намешавад.

Фаромӯш накунед, хушбахтии оилавӣ дар дасти зан аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД