35 years of independency
30 сол қаҳрӣ (ҚИСМИ 1)
191

Лола-хола ҳис мекард, ки саломатиаш хуб нест. Одамизод як дам аст. Кӣ медонад, ки то пагоҳ чӣ мешавад? Шояд фардо набошад.

Ӯ ашки чашмонашро пок карду зери лаб гуфт: “Оҳ, хоҳараки қаҳркунакам. Охир, 30 сол шуд, ки ту фарзанди падар, хоҳари ягонаи ман, бо ман қаҳриӣ. Ту ҳам фарзанддор, наберадор, ман ҳам соҳиби фарзандону набераҳо ҳастем. Аммо ту то ҳозир ба дилат кина, маро набахшидаӣ. Чанд борҳо занг мезанам, гӯширо хомӯш мекунӣ. Паёмак менависам, ҷавоб намедиҳӣ. Охир, қаҳр аз се рӯз зиёд ҳатто дар ислом ҷоиз нест. Эҳ, хоҳараки беақли ман, ин умр ин қадар кӯтоҳ аст, ҳатто мижжа назадем, аз қаҳригии ҳардуямон 30 сол гузашт. Умри одам ҳичӣ аст. Хоҳаракам, пазмонат ҳастам, ту нишонаи очаҷонам ҳастӣ. Чаро маро набахшидӣ?”.

Лола-хола он рӯзҳои тақдирсӯзро ба хотир овард.

Лолаву Лайло ду хоҳаре буданд, ки ҳамагӣ як сол байнашон фарқ дошт. Озуҳояшон шабеҳ ва афсӯс, ки ишқашон ҳам як нафар буд - Карими ҳамсояписар.

​Карим ошиқи Лайло буд. Нигоҳҳои шармгинонаи Лайло ва табассуми пинҳонии ӯ дили Каримро рабуда буд. Вақте хостгорони Карим ба хонадони онҳо омаданд, ҳама фикр мекарданд, ки ӯ духтари калониро хостгор аст. Аммо ӯ ошиқи Лайло буду маҳз ӯро хостгорӣ карда буданд.

Падари сахтгири хоҳарон Ҳоҷӣ Мурод норозигӣ карда, қатъӣ гуфт:

- Дар хонадони мо аввал духтари калонӣ ба шавҳар меравад. Агар хоҳед, Лоларо келин кунед, вагарна ман хохари ӯро ба шавҳар намедиҳам.

Қарори падар қатъӣ буду касе аз хонавода гапи ӯро гардонида наметавонист.

Падару модари Карим, ки дар ҳамсоягӣ мезистанд ва медиданд, ки ҳарду хоҳарон хушрӯ ва чаққону боҳунаранд, ин пешниҳоди падари духтарро дида, ҳатто аз дили Карим напурсида, гуфтанд, ки майлаш, Лоларо ба писари мо диҳед.

Рӯзи фотиҳа ва тӯйро зуд гузоштанд.

Лайло он шаб пеши апааш гирякунон гуфт, ки апа, розӣ нашав. Охир, ману Карим якдигарро дӯст медорем.

Ашки чашмонаш домани Лоларо тар мекард:

- Апаҷон, розигӣ надеҳ. Ба падарам бигӯ, ки шавҳар кардан намехоҳӣ. Карим маро дӯст медорад, ҳаёти се касро насӯзон.

Лола ба чашмони хоҳараш нигоҳ кард. Дар дили ӯ низ оташи ишқи Карим аз наврасӣ аланга мезад. Ӯ ҳам Каримро пинҳонӣ дӯст медошт, шояд боз ҳам амиқтар. Лола нигоҳашро аз Лайло канда, хомӯш монд. Ин сукути ӯ посух буд. Сукуте, ки розигиро мемонд.

​Рӯзи ақди никоҳ вақте мулло аз Лола розигӣ пурсид, ӯ ҳа гуфт. Дар он лаҳза дили Лайло шикаст ва пайванди хоҳарӣ барои ҳамеша канда шуд.

​Рӯзи тӯй ашкро касе дар чеҳраи арӯс надид, аммо дар кунҷи хонаи хобаш Лайло нишаста, бо алам мегирист. Ӯ сиёҳпӯш шуда буд. Вақте суруди Шаҳбарон садо дод, ӯ гирён гуфт:

- Илоҳо бахт диҳад, аммо ман дигар туро апа намегӯям. Ту бахти маро дуздидӣ, Лола. То зиндаам, рӯйи туро намебинам. Ту барои ман мурдаӣ. Тамом, ман дигар апа надорам.

Лола ба хонаи Карим рафт. Аммо бахти ӯ ҳам комил набуд. Карим ҷисман бо ӯ буд, аммо дилаш побанди ишқи Лайло буд ҳанӯз.

Шаби аввали тӯй. Хонаи домод пур аз мехмону садои ханда буд, аммо дар дохили ҳуҷраи арӯсӣ фазои сарду сангин ҳукм меронд.

​Лола бо либоси сафеди арӯсӣ дар кунҷи хона менишаст ва дилаш аз ҳарос меларзид. Карим вориди ҳуҷра шуд. Аммо дар чеҳраи ӯ аломати домодӣ ё шодӣ дида намешуд, чашмонаш сурху пуроби ашки талх буданд. Ӯ ба Лола ҳатто наздик нашуд. Ба ҷойи калимаҳои ошиқона Карим ба назди тиреза рафту ба сӯйи ҳавлии падарии Лола нигоҳ кард ва бо дили шикаста гуфт:

- Ту ба ин хона омадӣ, Лола. Аммо дили маро дар он хона, пеши хоҳарат гузошта омадӣ. Ман бо ту зиндагӣ мекунам, аммо кафолат намедиҳам, ки ҳамеша бо ту хоҳам буд.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД