Боздиди шаҳрдори Шероз аз Қалъаи Ҳисор
Раиси шаҳри Шероз Муҳаммад Ҳасан Асадӣ Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги қадимии шаҳр ва ёдгориҳои нодири он шинос шуд.
“Боздиди ҳайати шаҳри Шероз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангиву иқтисодӣ байни ду шаҳри бостонӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба густариши робитаҳои байнишаҳрӣ мусоидат мекунад,”- навиштааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Шероз яке аз беҳтарин минтақаҳои сайёҳии Эрон ба ҳисоб рафта солона ҳазорон нафар аз ин шаҳри қадима боздид менамоянд.
Шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бародаршаҳр аст.
Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Шероз 16-уми феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Баъдан, 12 марти соли 2001 миёни ду шаҳр созишномаи ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст.
Ҳамкории Душанбе ва Шероз соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ, шаҳрсозӣ, саноат ва гуманитариро дар бар мегирад.