Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштигирӣ соҳиби 12 медал гаштанд
Дар рӯзи аввали Қаҳрамонии куштии ҷаҳон, куштигирони тоҷик соҳиби 7 медал - 3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.
Дар рӯзи ҷамбастии мусобиқаи Қаҳрамониии куштигирии ҷаҳон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, варзишгарони тоҷик 5 медали дигар - 2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.
Медалҳои тиллоро Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг соҳиб шуданд.
Ягона медали нуқраро Шарифҷон Назриев дар вазни 95 кг аз они худ кард.
Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни 95 кг барандаи нишони биринҷӣ шуданд.
Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик мусобиқаи мазкурро, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми август дар Тоҷикистон сурат гирифт, бо 12 медал - 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба анҷом расониданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз 70 кишвар иштирок кардаанд.
Маблағи умумӣ ҷоизавии мусобиқот 400 ҳазор долларро ташкил дода, ба ғолибони ҳар вазн 20 ҳазор доллар, ба барандагони медалҳои нуқра - 10 ҳазор доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ - 5 ҳазор доллар тақдим гардид.