Имрӯз мо дар фазои сулҳу субот, тинҷию оромӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил менамоем. Мо дар кишвари ободу зебо, соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд ва демократӣ зиндагӣ дорем. Албатта, чунин фазои орому осуда барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст ва то расидан ба чунин рӯзи босаодат солҳои вазнин ва пур аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоиро паси сар намудааст.
Дар роҳи расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши Пешвои миллат, ҷоннисориҳо ва талошҳои пайвастаи ин марди меҳанпарасту ватандӯст басо бузург мебошад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу субот пойдор гардида, ваҳдати миллӣ таҳким ёфт.
Солҳои Истиқлол барои кишвари мо давраи муҳими таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди ватанӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, бахусус вобаста ба ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи фаъол дорад.
Мо дар зер дастовардҳои муҳим ва рӯйдодҳои хотирмони 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ овардаем, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи заҳматҳои созанда, пешрафт ва рушди кишвари азизамон мебошанд.
1991-2026 - қадамҳои устувор ба сӯйи фардои дурахшон
Дар Тоҷикистон аз соли 1991 то соли 2026 солҳо чунин номгузорӣ шудаанд: 1991 - соли эълони Истиқлол, 1992 - соли фоҷеаи миллӣ, 1993 - соли оғози сулҳсозӣ, 1994 - соли оғози бозгашт ба Ватан, 1995 - соли пешрафти сулҳсозӣ, 1996 - соли талошҳо барои сулҳу осоиш, 1997 - соли бозгашти сулҳ, 1998 - соли оғози бунёдкориҳо, 1999 - соли бузургдошти Сомониён, 2000 - соли таҳкими қонуният, 2001 - соли таҳкими истиқлолият, 2002 - соли густариши робитаҳои хориҷӣ, 2003 - соли оби тоза, 2004 - соле, ки ба қарнҳо баробар аст, 2005 - соли фарҳанги оламгир, 2006 - соли тамаддуни ориёӣ, 2007 - соли оғози марҳалаи нав, 2008 - соли Рӯдакӣ, 2009 - соли Имоми Аъзам, 2010 - соли маориф ва фарҳанги техникӣ, 2011 - таҷлили 20-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, 2012 - 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об, 2014 - соли Мавлоно Ҷомӣ, 2015 - соли оила, 2016 - таҷлили 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, 2017 - соли ҷавонон, 2018 -соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2022-2026 - солҳои рушди саноат, 2024 - соли маърифати ҳуқуқӣ, 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, 2026 - соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ
Соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза, 2005-2015 - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2018-2028 - Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушти устувор", Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 дигар ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар замони Истиқлол аз ҷониби СММ бо қатъномаҳои махсус қабул гардидаанд.
Иқдоми шоиставу беназир
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳар як хонадон туҳфаи Пешвои миллат тақдим гардид. Асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ва шоҳкори адабиёти классикии тоҷик - «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон тақдим шуд, ки имрӯзҳо китоби рӯйимизии ҳар хонадони мардуми китобдӯсту китобхони тоҷик гардидааст. Ҳамзамон, дар ин давра китоби муқаддаси «Қуръони карим» ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дастраси мардум гардид.
Албатта, ҳамаи ташаббусҳо ва дастовардҳои кишвари азизамонро дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар як саҳифа ҷой додан ғайриимкон аст. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас даст ёфтааст.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо як давраи таърихӣ, балки роҳи пуршарафи эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои бузург мебошад. Ин роҳ идома дорад ва Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯйи фардои боз ҳам дурахшон қадам мезанад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ