Commerce bank may-june 2026
5 миллион сомонӣ ҷарима барои риоя накардани Қонуни масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак
162

Барои риоя накардани Қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” дар шаш моҳи соли равон дар судҳои кишварамон нисбати 7224 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба маблағи 5 731 318 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад иттилоъ дод.

Дар идомаи суҳбат раиси Суди Олӣ қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва шарҳи қонун ва санадҳои ҳуқуқии амалкунандаи кишвар судяҳо дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, мазмуну муҳтавои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонун дар бораи танзими ҷашну маросим ва Қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”-ро ба мардум фаҳмонидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД