sebiston july new
7-Хӯроки муфид дар Рамазон
947

 

Риояи рӯза тибқи тамоми қоидаҳо мусулмонро на танҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок мекунад, балки саломатиро низ беҳтар мекунад. Ҷисми инсон, ки аз истеъмоли мунтазами ғизо дар тӯли сол хаста шудааст, дар ин моҳ истироҳат мекунад.

Дар баробари ин дар бадани мо як навъ навшавй ба амал меояд. Илоҳиётшиносон тавсия медиҳанд, ки пеш аз намози шом ба миқдори хеле кам ғизо хӯрда шавад ва танҳо пас аз намоз метавон барои хӯрдани хӯрок нишаст. Нӯшидани шир, хӯрдани творог,асал ва меваю сабзавоти тару тоза, махсусан банан дар ин моҳ бисёр фоидаовар аст. Ба гуфтаи табибон, хурмое, ки пас аз азон бихӯранд, дарҳол хунро аз глюкоза сер мекунад.

1 гизо

 

Акнун биёед ба хӯроки асосӣ гузарем. Мо рӯйхати беҳтарин таомҳои ифториро барои шумо ҷамъ овардаем. Аммо, дар хотир доред, ки ҳатто дорӯ, агар аз ҳад зиёд истифода шавад, заҳр мешавад. Ҳар дафъае, ки сари дастархон менишинед, дар хотир доред, ки тибқи меъёрҳои ислом, ғизо бояд танҳо сеяки меъдаро пур кунад.

1- Қаламфури булғорӣ

гизои 2

 

2- Шӯрбои лӯбиё бо нахўд, наск ва макарон

гизо 3

3- Шӯрбои гӯштӣ бо бодинҷон ва лӯбиёи сабз

гизои 4

4 – Шӯрбо

 гизои 5

5 – Оши бурида

гизои 6

6 – Оши тоҷикӣ 

гизо 7

7 – Қурутоб

гизои 8

Ин чанд таоми болаззати точикӣ буд, ки дар даҳаи аввали моҳи шарифи рамазон тавсия дода мешаванд. Дар давраҳои дуюм ва сеюми моҳи шарифи рамазон ғизоҳои дигарро ба шумо тавсия хоҳем дод. Биёед кӯшиш кунем, ки дар моҳи мубораки Рамазон тарзи дурусти ғизохӯриро омӯхта, ин одатро дар худ инкишоф диҳем ва дигар ба картошкаи бирён, салатҳои майонезӣ, фастфуд ва қотилони дигари солимамон бар нагардем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД