sebiston july new
7 сирри пинҳонии мард
3232

 

Барои аксарияти бонувон дунёи мардон муаммои сарбастае аст, ки кушодани гиреҳи он кори саҳлу осон нест. Ба маслиҳатҳои мо гӯш дода шумо метавонед дар муддати кӯтоҳ тамоми сирру асрори мардонро фаҳмида гиред. Розҳои мардонаро кушодан хоҳед, ба пеш!

Варзишро дӯст медорад?

Мардоне, ки давидану шиновариро дӯст медоранд, аз мустақилияти худ ҳаловат бурда, дар танҳоӣ вақт гузарониданро дӯст медоранд. Мардони дӯстдори футбол, баскетбол, гӯштин дар зиндагӣ рақобат кардан мехоҳанд. Мардоне, ки ба варзиш таваҷҷуҳ надоранд, бисёр ҳасос буда, дили нозук доранд.

Дӯстони дерин дорад?

Марде, ки бо марди дигар қариб 10 сол боз риштаи дӯстӣ дорад, бовафову содиқ аст. Барои ба боварии ин мард даромадан босабру ботаҳаммул будан лозим аст. Бо ин мард бемалол ба тӯю маъракаҳо рафтан мумкин аст, зеро ба осонӣ бо одамони ношинос ва вазъиятҳои нав мутобиқ мегардад.

Кисааш холист ё пур?

Марде, ки бо корти пластикияш ҳисобӣ мекунад, муштоқи расидан ба қуллаҳои баланд буда, шуҳратпараст ва мағрур аст. Ин мард чизи дилхоҳашро бо кадом қиммате, ки набошад, ба даст меорад. Ҳангоми харид мард бо пули нақд ҳисобӣ намояд, донед, ки шахси мустақил ва соҳибихтиёр аст. Марди кисаҳояш холӣ ҳамеша аз дигарон вобаста буда, мехоҳад ба ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Сигор мекашад ё арақ менӯшад?

Мардоне, ки майл ба қиморбозӣ доранд, аз таваккал кардан ҳаловат мебаранд. Сигоркашони ашаддӣ беқарору серташвиш буда, дӯстдорони машрубот ба худ эътимод надоранд. Барои дар чашми дигарон шери жаён намудан ин тоифаи мардон рӯ ба шароб оварда, дар мастӣ «корнамоиҳои бузург» мекунанд.

Муошираташ чӣ гуна аст?

Ошиқатон ба ҷойи занг задан паёмак фиристоданро авлотар шуморад, ин маънои онро дорад, ки вай симои асили худро ба шумо нишон додан намехоҳад. Ин мард мехоҳад мудом дар маркази диққати шумо қарор дошта бошад, зеро дилпур нест, ки то охир бо ӯ мемонед. Мард пайваста бо телефон суҳбат карданро дӯст дорад, андаке куҳнапараст аст, вале аз муносибатҳои наздик наметарсад.

Ба либоси зан таваҷҷуҳ дорад?

Агар мард умуман ба чӣ гуна либос пӯшидани зан аҳамият надиҳад, донед, ки вай ҳам ба духтарони бой таваҷҷуҳ дораду ҳам ба бенаво. Мард аз дидани духтарону бонувони либосҳои беҳтарини замонавиро ба бар намуда ба ваҷд ояд, ба обрӯву нуфуз диққати бештар медиҳад. Эҳтимол ин мард пули хуб ба даст меорад, вале обрӯву нуфуз дар зиндагӣ барояш нақши муҳимро мебозад. Мардоне, ки ба занҳои танноз майл доранд, мехоҳанд атрофиён ба онҳо ҳасад баранд.

Мошинро чӣ гуна меронад?

Агар мард одати бо мошинаш пойга кардану дашном додани дигар ронандагонро дошта бошад, донед, ки бадҷаҳл аст. Бо ин мард оила бунёд карда аҳлона зистан бисёр душвор аст. Мард ба "пробка" афтида оромона интизор шавад, шахси ботамкин буда, эҳсосоти худро нигоҳ дошта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД