sebiston july new
7- зарари ғайбат ба зан
12.03.2023
Mahina
1660

 

Андешае роиҷ аст, ки ғайбат амали занҳост, вале чун ба ҷомеаи имрӯз назар меафканем, мебинем, ки мардон на камтар аз занон ба ин амали номатлуб машғул ҳастанд. Пай бурдед, ки мавзӯи баҳси имрӯз ғайбат аст…

Ғайбат аз бадтарин амалҳост, ки аз инсон гавҳари беҳтарин боварро мебарад.

 Аз хотир набарор, касе, ки назди ту як нафарро ғайбат мекунад, албатта айби туро ҳам пеши дигарон мегӯяд.

 Дар урфият мегӯянд, ки вақте ғайбати худиро мекунӣ, эътиқоди бегона аз ту мепарад. Ҳеҷ гоҳ аҳли байт, хешу табор ва пайвандонатро пеши касе ғайбат накун.

 Чун зане туро ба ғайбат кашиданӣ шавад, кӯшиш намо то бо баҳонае ӯро тарк намоӣ, агар наметавонӣ ин корро кунӣ, пас хомӯш бош, шояд ӯ ҳамрайъ наёфта, ғайбатро бас кунад. Ҳеҷ гоҳ шавҳаратро назди дугонаву ҳамкору ҳамсоя сиёҳ накун, зеро ба ҷанги зану шавҳар остонаи хона хандидааст, боз оштӣ мешавед, вале русиёҳӣ мемонад.

 Шунидӣ, ки касе аз пасат ғайбат мекунад, ғамгин машав, яъне ту як қадам аз ғайбатчӣ пеш будаӣ.

 Аз пушти касе айби ӯро шуморидан гуноҳи азимест, дар ҳадисҳои паёмбарамон ин амал сахт мазаммат шудааст.

 Ғайбат обрӯи инсонро мерезонад ва мардум аз ӯ ҳазар мекунанд, дар ҳузури ӯ касе худро роҳат эҳсос намекунад.

Бадгӯи дӯстони ҷониро ба ҳам душман мекунад.

 Зан, модар, тарбиятгар… агар сифатҳои худамонро ин ҷо номбар кунем, рӯйхат дароз мешавад дугонаҳои азиз, пас бо ҳамин қадар рисолат месазад бадзабону ғайбатчӣ бошем? Не албатта!

Кӯшиш кунед, ки дар хонадонатон ҳам ғайбат набошад, ба фарзандон панд диҳед, ки айби касро тавонед дар рӯяш гӯед, аз қафо бадгӯӣ кардан бадтарин хислати инсонист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД