Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ба қайд гирифта шудани 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар давоми чанд рӯзи охир хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни ташхиси тиббӣ муайян гардидааст, ки шаҳрвандон Шарипов Руҳулло - ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами давлатиаш 7707AN07, Бадаршинова Шаҳноза - ронандаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами давлатиаш М695ЕТ186, Миров Аҳтам - ронандаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами давлатиаш 7131ТТ09, Яқубов Дурандеш - ронандаи нақлиёти тамғаи «AION», рақами давлатиаш 0597АС10, Искандаров Иззатулло - ронандаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами давлатиаш 5100ЕЕ03, Раҷабалиев Умед - ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами давлатиаш 2036RJ01, Бобиев Комил - ронандаи нақлиёти тамғаи «Хончи», рақами давлатиаш 3754RR01 ва Салими Исмонқул - ронандаи нақлиёти тамғаи «Фолксваген», рақами давлатиаш 8494ЕМ01 дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба ронандагон тибқи талаботи моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи муваққатӣ интиқол дода шудаанд.