formula
8- роҳи тарбияи фарзанди нек
21.03.2022
Оила
1307

Имрўз аҳли ҷомеа аз коҳиш ёфтани ахлоқ байни наврасону ҷавонон бонги изтироб мезананд, вале мутаасифона, ин падидаи номатлуб он қадар фарох доман паҳн кардааст, ки баъзан инсонро ба даҳшат меорад. Умуман паст рафтани ахлоқи одамиро танҳо ба насли нав мансуб донистан беинсофӣ мебуд, зеро аз рўйи дидаю шунида ва мушоидаҳои рўзмарраи хеш мебинем, ки ин раванд дар рагҳои ин дунёи кўҳан чун хуни фасодноки зиёновар ҷорӣ шуда истодааст.
1. Мақоли машҳурест, ки «Духтар чӣ гуна-модар намуна» гар гўяндаи ин мақол мегуфт, ки «Фарзанд чӣ гуна-модар намуна», гумон мекунам он саҳеҳу равшантар садо медод, зеро новобаста аз ҷинсият фарзандро модар тарбия мекунад.
2. Падар ҳамеша пайи мусоид намудани шароити моддии фарзанд банд асту бузургтарин шарти одам будан маънавиётро танҳо модар дар ботини фарзанд ҷой карда метавонад. Барои ҳамин волидонро лозим аст, ки назди фарзандон аз гуфтани алфози қабеҳ ва амалҳои ноҷо худдорӣ кунанд.
3. Агар мехоҳӣ, ки фардо давлати пирӣ бинӣ, имрўз пояҳои ин давлатро барқарор намою ба фарзандонат адаб омўз!
4. Ҳамеша аз рафиқони фарзандонат бохабар бош, саъй бикун, кӣ будани онҳою аз кадом оила буданашонро бидонӣ, зеро ёри бад бадтар бувад аз мори бад гуфтаанд.
5. Дар пеши фарзандонат касеро ғайбат накун ва бо алфози қабеҳ гап назан, зеро гўши кўдак ба он одат мекунад.
6. Ба духтарон фарҳанги дўстӣ ба писаронро аз хурди омўхтан лозим аст.
7. Фарзандонатро дар пайравӣ дар анъанаҳои миллӣ тарбият намо, зеро дурӣ аз оинҳои миллӣ фарзандони моро бегонапараст мекунад.
8. Дар ботини писарон оини ҷавонмардӣ ва дар замири духтарон назокати занонаро тарбия намудан лозим аст.
Ба хотири дар ин рўзгори пурҳаводис аз вартаи бало- бадахлоқӣ раҳоӣ бахшидани фарзандон мо бояд тамоми чораҳоро бинем, зеро ба қавли Мавлавии бузург, муаллифи «Қуръон» бо забони паҳлавӣ, яъне «Маснавии маънавӣ»:
Одамизода, агар беадаб аст, одам нест.
Фарқ дар байни банни одаму ҳайвон адаб аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД