arzon replenishment
81 СОЛАГӢ МУБОРАК!
1055

Саидмурод Мардонов, «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» ба синни 81 солагӣ расид. Ин ҳунарманди асил дар зиёд аз 100 намоиши театрӣ 150 намоиши телевизеонӣ нақш офаридааст.

Саидмурод Мардонов, 5 январи соли 1941 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ва Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ ба Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд дар факултети актёрӣ таҳсилашро идома дода, баъди хатми мактаби олӣ дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, ҳозира ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, фаъолияташро оғоз менамояд.

Аз соли 1966 дар асоси фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёри драма кор карда, аз соли 1991 то ба имрӯз дар Театри намунавии миниётураи «Оина» фаъолият дорад.

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х.Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М.Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш.Қиёмов ва А.Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М.Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А.Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У.Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».

Ҳунари ин марди асилро бо ордени «Нишони фахрӣ», унвонҳои «Аълочии коркуни маданияти СССР», Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуданд.

Ҷамъи кормандони сомонаи ОИЛА ТҶ Саидмурод Мардоновро ба солгари 81-умин баҳори умрашон самимона шодбош мегӯянд ва умедвори саломатии бардавоми эшонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД