Бисёриҳо гумон мекунанд, ки нараки пӯст (прыщ) танҳо мушкили ҷавонон аст ва бо рафтани синну сол худ аз худ мегузарад. Аммо чунин нест: нарак метавонад аз кӯдакӣ оғоз ёфта, солҳо идома кунад. Дерматолог Марина Савкина шарҳ додааст, ки мардум бештар ба кадом хатоҳо дар муолиҷаи акне роҳ медиҳанд ва чӣ гуна онҳоро ислоҳ кардан мумкин аст.
Хатои №1. Парҳези нодуруст
Бисёриҳо худро дар ғизо сахт маҳдуд мекунанд. Аммо робитаи мустақим миёни парҳез ва акне исбот нашудааст. Хӯрок бояд солим ва мутавозин бошад. Агар баъди истеъмоли баъзе маҳсулот нараки пӯстатон зиёд гардад, онҳоро камтар истеъмол намоед. Ба сабзавоту мевагӣ, лӯбиё ва ғалладона бештар аҳамият диҳед, истеъмоли шириниву хамириро кам кунед.
Хатои №2. Ташхисҳои зиёдатӣ
Бе тавсияи духтур маблағи худро барои таҳлилҳо сарф накунед. Дар асл, ба духтури дерматолог аксаран танҳо муоинаи рӯй кофӣ аст. Танҳо ҳангоми нишонаҳои ҷиддӣ (масалан, вайроншавии давраи ҳайз ё зиёдшавии мӯйи бадан) таҳлилҳо лозим мешаванд.
Хатои №3. Худмуолиҷакунӣ
Нараки пӯст бемории мураккаб аст ва табобати он танҳо аз рӯи маслиҳати мутахассис бояд сурат гирад. Дорувориҳои нодуруст метавонанд ба саломатӣ зарар расонад. Масалан, истифодаи худсаронаи доруҳои гормонӣ хатарнок аст.
Хатои №4. Шустани зиёд бо собун ва спирт
Бисёр шустани рӯй ва бо спирт пок кардан пӯстро хушк ва қобилияти муҳофизатиашро заиф мекунад. Ин метавонад ҳолатро вазнинтар намояд. Шӯстан ду бор дар як рӯз бо гел ё пенкаи махсус беҳтар аст.
Хатои №5. Истифодаи скрабҳо ва масҳкунакҳои сахт
Пӯстро бо дастмолҳои сахт, қум ё қаҳва молидан онро осеб медиҳад. Истифодаи воситаҳои мулоим ва нарм беҳтар аст.
Хатои №6. Косметикаи номувофиқ
Косметикаи равғандор ва вазнин сӯрохиҳои пӯстро мебандад. Бояд танҳо маҳлулҳо бо нишонгузории oil free, non-comedogenic ва non-acnegenic интихоб шаванд.
Хатои №7. Табобати нодуруст
Бисёр одамон фикр мекунанд сабаб дар меъда ё дигар узвҳост, аммо дар аксари ҳолатҳо чунин нест. Танҳо дерматолог бояд ташхис гузорад. Барои занон, агар гумони мушкили гормонӣ бошад, муроҷиат ба гинеколог низ лозим аст.
Хатои №8. Муолиҷа танҳо дар назди косметолог
Тоза кардани рӯй (чистка) аксар вақт вазъро бадтар мекунад ва ҳатто метавонад дар пӯст доғу захм гузорад. Бо чунин мушкил танҳо дерматолог машғул мешавад.
Хатои №9. Таъсири зиёди офтоб
Нурҳои офтоб пӯстро осеб медиҳанд ва наракро зиёдтар мекунанд. Аз таъсири нури офтоб рӯятонро панаҳ намоед ва ҳатман аз малҳамҳои муҳофизатӣ истифода баред.