35 years of independency
90 км роҳи «Мурғоб – Қулма» навсозӣ мешавад
03.11.2026
Оила
69

90 км роҳи «Мурғоб – Қулма» навсозӣ мешавад

Чин ният дорад, ки 90 километр роҳи автомобилгарди «Мурғоб – Қулма»-ро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон навсозӣ кунад. Интизор меравад, ки корҳои бозсозии роҳ аз соли 2027 оғоз шаванд.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, вазорат бо Сафорати Чин дар Душанбе санади асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди ин қитъаи роҳро ба имзо расонидааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, санади мазкур дар асоси натиҷаҳои корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти техникӣ-иқтисодӣ таҳия шуда, ҷанбаҳои техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии лоиҳа, инчунин усулу стандартҳои сохтмони роҳро дар бар мегирад.

Тибқи нақша, дар доираи лоиҳа 90 километр роҳи «Мурғоб – Қулма» бо кумаки молиявии Чин таҷдид карда мешавад.

Зарурати навсозии ин масир ба аҳамияти он дар робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Чин низ вобаста аст. Гузаргоҳи Қулма яке аз роҳҳои муҳими иртиботии ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки тавассути он интиқоли молу маҳсулот ва рафтуомади мусофирон амалӣ мешавад.

Тибқи омори расмӣ, танҳо дар се моҳи аввали соли 2026 тавассути гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор мошини боркаш ва зиёда аз 3 ҳазору 300 мошини сабукрав ворид шудаанд. Ҳамчунин, тавассути ин гузаргоҳ автобусҳо, техникаю таҷҳизот ва маводи гуногун барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ интиқол ёфтаанд.

Вазорати нақлиёт ҳамчунин аз афзоиши рафтуомади сайёҳон тавассути ин гузаргоҳ хабар додааст.

Навсозии ин қитъаи роҳ метавонад ба беҳтар шудани шароити ҳаракати нақлиёт, рушди тиҷорат ва густариши робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин мусоидат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД