formula
Абдуалимзода Абдуалим: "Донишҷӯёни хориҷӣ бештар шартномаҳои баландро интихоб мекунанд"
858

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 800 донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ӯзабкистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Русия таҳсил мекунанд. 

Абдуалимзода Абдуалим, Ректори донишгоҳ дар нишасти имрӯза дар ин бора сухан кард. Таълим дар донишгоҳ вобаста ба факултаҳо аз рӯи се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад ва бо 60 муассисаҳои давлатӣ, аз қабилӣ, Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзи, ташкилотҳои суғуртавӣ Вазорати молия шартномаҳои ҳамкориро ба роҳ мондаанд. 

Имсол 1776 донишҷӯ донишгоҳро хатм намуда, 182 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. 

Донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, камбизоатон, ятимони кул ва нимятимон аз шартномаҳо қисман ва пурра озод карда шудаанд. 

Айни замон дар донишгоҳ аз рӯи 32 ихтисос ба донишҷӯён дарс дода, дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки 5 ихтисоси дигар барои 175 донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Донишгоҳ тасмим дорад, ки имсол литсейи иқтисодӣ-риёзӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода, хонандагонро аз синфи 1 то 9 бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва аз синфи 5 то 9 бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ба таҳсил фаро гирад. 

Донишгоҳ дар қатори дигар донишгоҳҳои кишвар мавқеи хоса дошта, аз рӯи рейинги таълим ҷои 4-умро ишғол мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД