arzon replenishment
Абдукарим Машрабов директори театри Лоҳутӣ таъин шуд
767


Абдукарим Машрабов, ҳунарпешаи ҷавону боистеъдоди тоҷик имрӯз Директори театри академӣ-драммавии ба Лоҳутӣ таъин карда шуд. Дар ин вазифа Абдукарим Машрабов ҳунарманди машҳуру овозадор Лутфулло Давлатовро иваз намуд.

Абдукарим Машрабов фарзанди яке аз устодони санъати тоҷик Ибодулло Машрабов буда, соли 1983 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад.

Абдукарим Машрабов сароғоз фаъолияти ҳунариашро ба сифати овозхон шурӯъ намуда, баъдан пас аз тахми донишкада ба театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор гузаштааст.

Азбаски меҳри ҳунар дар рагу пайвандаш ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ҷӯш мезад, дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавони зотан ҳунарманд ҳамчун актёри боистеъдод дар байни аҳли ҳунар шинохта шуда, ба комёбиҳои зиёде ноил гашт.

Абдукарим Машрабов дар баробари дар театр образҳои ҷолиб офаридааш бо синамогарон низ ҳамкории зичи эҷодӣ дошта, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақшҳои асосиро бозидааст. Махсусан нақшҳои дар филмҳои “Сарборӣ”, “Муаллим”, "Марги бегуноҳ", "Роҳ"  бозидааш ба ин ҳунарманди ҷавон шӯҳрати зиёде оварда, номи Абдукарим Машрабов пас аз ин филмҳо вирди забони мардум гашт.

Тавре ки худи Абдукарим Машрабов зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт, имсол аз нигоҳи эҷодӣ барояш хеле соли бобарор ва сертакопӯй буд. “Имсол банда сазовори унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон гаштам. Ин унвони баланд ҳисси масъулияти маро боз ҳам бештар гардонида, бо тамоми ҳастӣ талош хоҳам кард, ки саҳми худро дар рушди санъати тоҷик, хоса санъати театр ва кино гузорам”-мегӯяд Абдукарим Машрабов.

Ба гуфти директори тозаинтихоби театр ин шабу рӯзҳо, дар арафаи соли нави мелодӣ дар театри Лоҳутӣ намоишномаи наверо бо номи “Дар талоши маҳтоб” ба саҳна гузошта истодаанд, ки коргардонаш С. Усмонов мебошад. Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари адиби шинохтаи фаросавӣ Альбер Камю таҳия шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машрабов оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд-ду духтари ду писар аст.

Абдукарим Машрабов директори
театри Лоҳутӣ таъин шуд
Абдукарим Машрабов, ҳунарпешаи ҷавону боистеъдоди тоҷик имрӯз Директори театри академӣ-драммавии ба Лоҳутӣ таъин карда шуд. Дар ин вазифа Абдукарим Машрабов ҳунарманди машҳуру овозадор Лутфулло Давлатовро иваз намуд.

Абдукарим Машрабов фарзанди яке аз устодони санъати тоҷик Ибодулло Машрабов буда, соли 1983 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад.

Абдукарим Машрабов сароғоз фаъолияти ҳунариашро ба сифати овозхон шурӯъ намуда, баъдан пас аз тахми донишкада ба театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба кор гузаштааст.
Азбаски меҳри ҳунар дар рагу пайвандаш ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ҷӯш мезад, дар як муддати кӯтоҳ ин ҷавони зотан ҳунарманд ҳамчун актёри боистеъдод дар байни аҳли ҳунар шинохта шуда, ба комёбиҳои зиёде ноил гашт.

Абдукарим Машрабов дар баробари дар театр образҳои ҷолиб офаридааш бо синамогарон низ ҳамкории зичи эҷодӣ дошта, дар чандин филмҳои ҳунарӣ нақшҳои асосиро бозидааст. Махсусан нақшҳои дар филмҳои “Сарборӣ” ва “Муаллим” бозидааш ба ин ҳунарманди ҷавон шӯҳрати зиёде оварда, номи Абдукарим Машрабов пас аз ин филмҳо вирди забони мардум гашт.

Тавре ки худи Абдукарим Машрабов зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт, имсол аз нигоҳи эҷодӣ барояш хеле соли бобарор ва сертакопӯй буд. “Имсол банда сазовори унвони Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон гаштам. Ин унвони баланд ҳисси масъулияти маро боз ҳам бештар гардонида, бо тамоми ҳастӣ талош хоҳам кард, ки саҳми худро дар рушди санъати тоҷик, хоса санъати театр ва кино гузорам”-мегӯяд Абдукарим Машрабов.

Ба гуфти директори тозаинтихоби театр ин шабу рӯзҳо, дар арафаи соли нави мелодӣ дар театри Лоҳутӣ намоишномаи наверо бо номи “Дар талоши маҳтоб” ба саҳна гузошта истодаанд, ки коргардонаш С. Усмонов мебошад. Намоишномаи мазкур аз рӯйи асари адиби шинохтаи фаросавӣ Альбер Камю таҳия шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машрабов оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд-ду духтари ду писар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД