35 years of independency
Барби-блогери оқипадар
424

Барби-блогери оқипадар
Ин духтараки мавзункомати чашмкабуди мӯйҳояш тиллоранг аслан Манзура ном дошт, аммо баьди дар шабакаҳои иҷтимоии Тик Току Инстаграм блогер шудан ба худаш лакаби “Барби” гузошт. Либосҳои кӯтоҳу нимурён пӯшида, соатҳо мерақсид ва то хӯрокхуриашро таблиғ мекард.
Манзура духтари саввуми хонадон буд.Падараш аз руйи рафтори ноҷои духтараш борҳо бо ҳамсараш ҷангқ ҷанҷол карда, оқибат шарт гузошт, ки ё духтаратро аз дар берун мекунам ё туро талок медиҳам. Модари Манзура ноилоҷ розӣ шуд.
Оқибат падараш аз наворҳои бешармонаи Манзура безор шуда, ӯро оқ кард ва аз дари ҳавлӣ берун намуд. Аммо Манзура парво надошт, ки дуои падар чи қадар сахт аст. Барояш танҳо машҳур будан муҳим буду халос.
Ҳама хурду калон ӯро мешинохтанд ва дар ҷойҳои ҷамьиятӣ мардҳо аз думаш кашола шуда “Барбичон, ман ошиқи шайдои ту мегуфтанд”, маьшуқҳои пулдори бисёре дошт. Яке барояш мошин хариду дигарӣ
гӯшвораҳои тилло...
Манзура соатҳо дар эфири мустақим баромад карда, рафторҳои бисёр шармовар мекард. Апаҳояш, ки бо обрӯ ба шавхар баромада, оилаи обод доштанд, бо вай тамоман гап намезаданд, вале ӯро заррае парво набуд.  
Ҳамин тавр Манзура бо марди афғоне шинос шуда ба Туркия рафт ва аз он мард духтарча таваллуд кард, аммо бо сабаби бероҳагиаш шавҳари афғонаш ӯро пеш карда, духтарчаашро аз дасташ кашида гирифт.
Манзура парво надошт,ки ҷигарбандашро аз ӯ гирифтанд, фикру хаёлаш танҳо ба ҳавасҳои аҳриманиаш банд буд.
Боре диққати ӯро як марди эронӣ, ки дар Дубай зиндагӣ мекардааст, ҷалб намуд. Манзура, ки солҳо боз орзуи дар Дубай зиндагӣ карданро мепарварид ва дар дил ҳамеша мегуфт, ки кош ба Дубай рафта, зани ягон шайхи серпул шаваму як умр каффу сафо карда гардам, талош кард, ки дили ин мардро ба даст орад.
Хулоса, марди пулдори эронӣ ба зудӣ ба доми ишқи ”Барби” афтида, ошиқи шайдои Манзура гашт ва барояш чипта харида, ӯро ба Дубай даъват кард.
Манзура аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид ва худро реклама карда, дар як навори видеоӣ нишон дод ,ки чи тавр ба Дубай парвоз карда истодааст. “Ба Дубай ҷониби орзуҳои навтарин”-навишта буд Барбӣ.
Манзура фикр мекард ,ки ӯро дар Дубай зиндагии шоҳона интизор аст, вале хаёлаш хом баромад.
Ошиқи эрониаш, ки Фарид ном дошт, се зани никоҳӣ дошта, соҳиби 9 фарзанд будааст...
Ин духтараки мавзунқомати чашмкабуд мафтунаш карда буд ва Фарид мехост ӯро ба сифати зани чорум никоҳ карда гирад, аммо рафтори Манзураро дида, дилаш дур рафт ва ба худ гуфт, ки бояд саросема шавад.
Манзура дар дубай н из соатҳо бо либоси тангу нимбараҳна ба сайташ даромада, эфири мустақим мекард. Шабҳо ба клуби “Шабнавоз” рафта бо дигар раққосаҳои нимбараҳна ҷунбон-ҷунбон ракс мекард.
Фарид, ки марди ботаҷриба ва мумсик буд, рафтори Манзураро дида, комилан фикраш дигар шуд. Фаҳмид, ки ин духтар барои оиладорӣ муносиб нест ва чи будани ҳурмату эҳтиром ва обрӯю мақоми оиларо намедонад.
Як шаб, вақте ки Манзура аз клуби шабона нимашаб маст ва сархуш баргашт, Фарид ӯро дар даҳлези ҳавлии бошукӯҳаш интизор буд.
​— Манзура,- гуфт Фарид,-дигар кофӣ аст. Ман мехостам туро ба никоҳам дарорам ва ҳамчун як зани шавҳардори бообрӯ як умр шоҳона зиндагӣ кунӣ, аммо ту роҳи дигарро интихоб кардаӣ ва мебинам, ки аз роҳат баргаштанӣ ҳам   нестӣ. Барои ҳамин ҳарчи байни мо буд, ба охир раисд. Фардо субҳ манзили маро тарк мекунӣ...
​Манзура, ки ба лутфу марҳамати мардони пулдор одат карда буд, ба суханони ошиқи эрониаш аҳамият надода бо заҳрханда гуфт:
— Эҳ Фаридҷон, ту ҳам мисли дигарон рашк мекунӣ? Муҳим нест, Дубай пур аз мардони пулдор аст!
​Аммо ҳақиқат талхтар аз он буд, ки Манзура тасаввур мекард...
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД