29-уми ноябр ҳунарманди хушноми театру синамои тоҷик Абдулмумин Шарифӣ зодрӯз доранд, 65-сола шуданд. Бо ин баҳона, бо эшон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияташон дар театру синамо суҳбат кардем, ки мухтасари он манзури хонандагон мегардад.
ПОРАИ ЯКУМ: КОРҲОИ НАВ ДАР ТЕАТРУ СИНАМО
- Чун дар театр қарор дорем, аз корҳои наватон дар ин ҷо бигӯед.
- Ҳоло бо коргардонии Нозим Мелик болои намоиши “Хостгорӣ дар ҷашн” кор карда истодаем. Ният дорем то охири сол ё ҳадди ақал то аввали соли оянда манзури тамошобинон гардонем. Дар намоиши мазкур ман нақши падарро мебозам. Ба назарам, кори аҷиб аст.
- Дар синамо чӣ корҳои нав доред?
- Шукр, соли равон ба ҷуз кори театр, боз дар ду филм нақшҳои хурд иҷро кардам. Яке филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Намоӣ”, ки даҳ рӯз дар Бухоро ва чор рӯз дар Хуҷанд кор кардам. Дуюмӣ, “Решаҳо”-и Абдулҳай Зокиров аст, ки дар Ромит сабт кардем.
- Дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Намоӣ” 14 рӯз сабт кардаед, чаро онро нақши хурд меномед?
- Аслан, 10 рӯзе, ки дар Бухоро будам, танҳо се рӯз сабт доштам, зеро рӯзи сеюм бояд дар масҷиди кӯҳнае сабт мешуд ва он ҷо пайдо кардани ҷойи мувофиқ мушкил шуд. Ҳамчунин, аз чор рӯзе, ки дар Хуҷанд будам, ду рӯз сабт доштам. Умуман, дар синамо мешавад чунин лаҳзае, ки барои гирифтани як саҳна чанд рӯз интизорӣ мекашӣ.
- Нақши шумо ба Ҷомӣ ва Навоӣ наздик буд?
- Ман нақши Хоҷа Деҳдорро, ки тибқи ривоятҳо дӯсти наздики Ҷомӣ будааст, бозидам, вале дар бораи ӯ маълумоти амиқе дарёфт нашудааст ва ҳар чизе муаллифон навишта будану коргардонҳо хостанд, иҷро кардам.
- Дар бораи филмҳо гуфтем, чаро шуморо дар филмҳои интернетӣ намебинем, ки ҳоло миёни ҷомеа хеле маъруфанд?
- Ростӣ, даъват мекунанд, аммо ман ба чунин филмҳо ва барномаҳои блогерон намеравам. Ман гуфтанӣ нестам, ки онҳо баданд, вале ман қарор додаам, ки синну солам ба ҷое расидааст ва дар чунин филмҳо иштирок намекунам. Шукр, ба пул эътиёҷ надорам, ба муаррифӣ ҳам ҳоҷате нест. Аз онҳое, ки даъваташонро рад кардаам, узр мепурсам ва медонам, ки бе ман ҳам корашонро анҷом медиҳанд.
- Шумо он филмҳоро тамошо мекунед?
- Не, тамошо намекунам, зеро вақт надорам.
ПОРАИ ДУЮМ: АЗ САТҲИ ҲУНАР ТО БАХТИ ҲУНАРМАНД
- Ба андешаи шумо дар ҳоли ҳозир театр чӣ ҳол дорад?
- Театр ҷузъи ҷомеа аст. Ҷомеа чӣ гунае бошад, театр ҳам чунин аст. Театр муассисаи фарҳангӣ аст ва ба дастгирӣ ниёз дорад ва агар ҷомеа ба он кумак карда натавонад, пас пеш намеравад. Чун театр ғизои маънавӣ истеҳсол мекунад, баробари вазъи зиндагӣ каме нохуб шудан, мардум дар талоши ба даст овардани ғизои ҷисмӣ мешаванд. Театр ва ҳунармандон то қадри имкон рисолати худро иҷро карда истодаанд, вале ба мо таваҷҷуҳи зиёдтар лозим аст.
- Сатҳи ҳунарӣ чӣ?
- Сатҳи ҳунарӣ ҳоло хеле паст аст. Замоне дар доираи ИДМ Душанберо “Маккаи театрҳо” мегуфтанд. Масалан, мо ҳоло коргардон, махсусан коргардони ҷавон хеле кам дорем, ки ин бисёр бад аст. Бояд масъулин болои ин масъала ҷиддӣ андешанд ва роҳи ҳал ёбанд, зеро сатҳ метавонад боз ҳам пасттар гардад.
- Барои рафъи мушкилоти номбаршуда худи шумо чӣ кор карда метавонед?
- Ман ба ҷуз фаъолияти эҷодӣ дигар коре карда наметавонам. Вазъро иваз карда наметавонам, мушкилоти кадриро ҳал карда наметавонам, аммо метавонам содиқона бо ҳар коргардоне, ки ба намоишаш даъват мекунад, кор кунам.
- Бо гузашти синну сол бархе ҳунармандони мо ба коргардонӣ мепардозанд. Шумо дар ин масъала чӣ фикр доред?
- Ман дар театр се намоиш гузоштаам. Намоишеро барои ҷашнвораи Эрон таҳия карда будам ва ҳамчун коргардон тандисе низ дорам. Боз ду намоиши бачагона худам навишта, гузоштам, ки чандин маротиба манзури тамошобинон гаштаанд. Инсон ноумед нест ва бо пайдо шудани имкон ва шароит ҳатман боз намоиш таҳия мекунам.
- Оё фикри моноспектакл гузоштан надоред?
- Намехоҳам пеш аз пода чанг андозам, вале ду асар навиштаам ва болояшон кор карда истодаам. Худо хоҳад, дар оянда аз рӯйи онҳо моноспектакл мегузорам.
- Чанде пеш бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фирӯз Умаров суҳбат доштем ва он кас сухани устоди донишгоҳиашонро ба ёд оварданд: “Худованд дар баробари истеъдод, бояд ба ҳунарманд каме бахт, омад ҳам диҳад”. Оё шумо ҳамчун ҳунарманд бахт ё омад доред?
- Ин дуруст аст, ки мо дуои “Худо бахтат диҳад”-ро дорем. Вале инсон набояд бо омад накардани як ё ду кораш аз роҳаш баргардад, таслим шавад. Бояд ҳаракат кунад, кӯшиш кунад, ки аз ҳар ҷиҳат такмил ёбад ва роҳе ёфта, ҳунарашро ба фоидаи ҷомеа истифода барад. Дар масъалаи бахти ҳунарии худам бошад, шукр мегӯям. Бахти ман омад кард, ки дар намоишномаи "Шайх Санъон" нақши Шайхро офаридам, дар намоишномаи "Як рӯзи дарозтар аз аср" нақши Едигей ва Раймалиоғоро бозидам, дар "Рустам ва Сӯҳроб" нақши Ровиро бозидам, дар “Шабе дур аз ватан” Муҳоҷирро бозидам, бахти ман омад, ки дар “Дирафш” нақши Коваро бозидам, бахти ман омад кард, ки дар “Гирдбод” нақши Садриддин Айниро бозидам, бахти ман омад кард, ки дар “Ношинос-32” нақши падар Пӯлодовро иҷро кардам, бахти ман омад кард, ки дар филми “Дов” нақши Қаҳҳорро бозидам, бахти ман омад кард, ки дар филми “Автобус” нақши домуллоро иҷро кардам...
- Филми “Дов” муваффақ гардид, ҷоизаҳои зиёд гирифт. Оё дар муваффақияти он худро саҳмдор медонед?
- Кори театру синамо дастаҷамъист ва он ҷо ҳар касе, ки кореро анҷом медиҳад, саҳм дорад. Коргардони хуб бе ҳунарманди хуб коре карда наметавонад ва баръакс. Барои ҳамин, интихоби ҳунарманд аз ҷониби коргардон хеле муҳим аст. Ташаккур ба Муҳиддин барои бовариаш ба ман.
- Пушида нест, ки бо гузашти синну сол аҳли эҷод ба таваҷҷуҳи бештар ниёз доранд, мехоҳанд меҳнатҳояшон қадр карда шавад. Оё ҳунари худро қадршуда меҳисобед?
- Шукр, ба ҳунарам аз ҷониби мардум таваҷҷуҳ мешавад, аз меҳрубониҳои онҳо зиёд бархурдор мешавам. Аммо боз мехоҳам таваҷҷуҳи масъулин, онҳое, ки вазъро беҳтар карда метавонанд, ба театр ва ҳунармандон бештар гардад. Дар кишварҳои хориҷӣ сарпарасти намоиш ё филме шудан ифтихор аст. Яъне корхонаву ташкилотҳои гуногун дар намоишҳои муайян сарпараст мешаванд ва маҳз театрҳо бо намоишҳо тавассути ин кӯмак ба сафарҳои ҳунарӣ мебароянд, аммо ҳамин чиз дар мо нест ва ин бисёр бад аст.
ПОРАИ СЕЮМ: САОДАТИ ЗИНДАГӢ
- Солҳои пеш хеле зиёд менавиштед ва дар матбуот нашр мекардед, аммо чаро ҳоло фаъол нестед?
- Ҳоло ҳам менависам, аммо барои худаму оянда.
- Дар шакли китоб чоп карданӣ ҳастед?
- Имкон шавад, ҳатман чоп мекунам, зеро он ҷо шояд хотираҳо, андешаҳо ва маҷмуи драмаҳо бошад.
- Баъзан дили мо ба касе месӯзад, оё шудааст ҳолате, ки дилатон ба худатон сӯзад?
- Ҷойи пинҳон нест, ин гуна ҳолатҳо буданд. Баъзан коре бояд иҷро шавад, вале аз ту вобаста нест ё онро ҳал карда наметавонӣ, хеле дилгир мешивӣ ва ҳамон вақт, дилат ба худат месӯзад, ки аз дастат коре намеояд.
- Ғурур, номус, виҷдон аз ҷумлаи арзишҳои инсониянд. оё мешавад, ки инсон пас аз даст додан, онҳоро дубора боз ба даст орад?
- Вақте ки ин ҳамаро аз даст додӣ, дигар инсон нестӣ. Худо нигоҳ дорад аз чунин рӯз, ки як инсон ин ҳамаро аз даст медиҳад.
- Бовариро пас аз шикастан метавон ба даст овард?
- Хеле сахт аст. Хеле сахт аст, ки вақте ба як инсон бовар мекунӣ, вале ҷояшро нобоварӣ мегирад. Аммо, ба фикрам, боз метавон онро барқарор кард, зеро инсон бе боварӣ зиндагӣ карда наметавонад.
- Мегӯянд саодат дар чизҳои хурд аст. Кадом лаҳзаи хурд дар зиндагиятон шуморо хушбахт мекунад?
- Назди дарахт кор карданро дӯст медорам, бо дарахт суҳбат кардан маро хеле хушҳолу хушбахт мекунад. Дар кӯҳу пушта гаштанро дӯст медорам. Аз оби чашма, аз осмони пурситора, аз меваи дарахт, аз роҳгардии набераҳоям ва умуман пораҳои хушҳолкунанда дар зиндагиам зиёданд.
- Баъзан мо дигаронро бахшида метавонем, вале барои хатое худамонро намебахшем. Оё чунин эҳсос дар шумо ҳам ҳаст?
- Бале, хатоҳои зиёд кардаам, ки худамро бахшида наметавонам.
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ