arzon replenishment
Абдурозиқ бо Салмон-Хон дар як филм нақш мебозад
1476


Блогери ва овозхони машҳури тоҷик Абдурозиқ дар як пахши мустақим дар инстаграм аз он хабар дод, ки бо ҳунарманди машҳури Ҳиндустон Салмон-Хон дар як филм нақш меофарад.

Дар бораи он ки ин филм кай ва дар куҷо ба навор гирифта мешавад, Абдурозиқ чизе нагуфтааст, вале ин ҳунарманди майдаҷуссаи тоҷик тоҷик дар ҳақиқат бо актёри маъруфу машҳурии Ҳиндустон ва ситораи дурахшони “Болливуд” Салмон-Хон вохӯрда, ҳамроҳ аксҳои хеле ҷолиб низ гирифта будан д.
Чанд сол қабл дар бораи вуҷуди Абдурозиқ ҳатто дар худи Тоҷикистон низ кам касон огоҳӣ доштанд, вале баъди оне ки Барон эстеъдоди ин ҷавони хурдҷуссаро кашф намуд, дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрати Абдурозиқ ба авҷи аълояш расида, ҳатто берун аз марзи Тоҷикистон низ машҳур гашт.

Имрӯз Абдурозиқ яке аз блогерони машҳури тоҷик ба шумор меравад ва таваҷҷӯҳи ҳунармандон, варзишгарон, блогерон ва дигар шахсиятҳои шӯҳратманди оламро ба худ мекашад.
Абдурозиқ баъди ба Дубай рафтанаш бо чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳон аз қабили Салмон-Хон, Кристиано Роналду, Муҳаммад Салоҳ, Бурак Оздемир, Дина Саева ва дигар ҳунармандони маъруф ҳамсӯҳбат гашта, лаҳзаҳои ҷолиби вохӯриашро бо ин шахсиятҳои шинохта дар саҳифаҳои шахсиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад. Иттилои нави ӯ дар бораи ҳамроҳи ситораи “Болливуд” Салмон-Хон дар як филми ҳунарӣ нақш бозиданаш мухлисони Абдурозиқро хеле шод гардонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД