Arzon march 2024
Абдурозиқ дар Ҳиндустон соҳиби ҷоизаи ҷаҳонӣ шуд!
1002

 

 

Абдурозиқ, овозхон ва блогери тоҷик нахустин ҷоизаи ҷаҳониашро дар Ҳиндустон ба даст овард. Ҷоизаи мазкур барои шахсияти таъсиргузор дар соли 2022 дар шаҳри Мумбаи Ҳиндустон ба Абдурозиқ дода шудааст.

Ҷоизаи “Made in influence International award 2022” асосан ба овозхонҳо ва ҳунармандон дода мешавад. Дар ин бора худи абдурозиқ дар саҳифаи инстаграмаш хабар дода навиштааст, ки

"Соли 2022 дар ҳаёти ман соли бобарор ва таъсиргузор буд. Ман чунон хурсанд ҳастам, ки ҷоизаи аввалини худро ба даст овардам. Мехоҳам минатдории худро ба дӯстон, мухлисон ва атрофиёнам расонам. Ман омода ҳастам, ки барои муаррифии кишвари худам тамоми кушиши худро ба харҷ диҳам ва таърих эҷод кунам.”

Абдурозиқ то ба Душанбе омаданаш дар кӯчаю бозорҳои шаҳри Панҷакент ба сурудхонӣ машғул буд. Айни ҳол яке аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоии тоҷик маҳсуб меёбад ва дар саҳифаи инстаграмаш зиёда аз сеюним миллион обуначӣ дошта, шуҳрати ҷаҳониро ба даст оварда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД