goodwell
Қадрдонии ду марди қаҳрамон, ки ду занро аз марг наҷот доданд
54

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳҳобовро барои наҷоти ду зан қадрдонӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки ин ду марди қаҳрамон як зан ва як духтарро, ки бо сабабҳои номаълум бо қасди худкушӣ худро ба дарё партофта буданд, аз об бароварда, аз марг наҷот додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Азимҷон Валиев рӯзи 1-уми июн ҳангоми дар соҳили дарёи Душанбе қарор доштан шоҳиди манзараи ғарқшавии духтаре гашта, ӯро аз об берун баровардааст. Худи ҳамон рӯз Фаридуншоҳ Ваҳҳобов як зани дигарро, ки худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, аз марг наҷот додааст. Гуфта мешавад, ки зан ва духтари ҷавон бо мақсади худкушӣ худро ба дарё партофтаанд, вале сабабҳои ба чунин амал даст задани бонувон маълум нест.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе рафтори ҷавонмардонаи Азимҷон Валиев ва Фаридуншоҳ Ваҳҳобовро бо сипоснона ва маблағ қадрдонӣ намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД