Arzon march 2024
Агентии ҷангал: Баъзан пардохти ҷаримаҳо бо мушкилӣ сурат мегирад
278

Тавре ки қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз пагоҳ, 1 август, дар ҷумҳурӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023 маншаъ мегирад.

Имрӯз хабарнигори сомонаи “Oila” дар нишасти хабарии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти он пурсид, ки минбаъд ин ниҳод ҷаримаҳоро чӣ гуна меситонад, дар ҳоле, ки бештари ҷаримашудагон маърифати хуби молиявӣ надошта, ҳодисаҳои тартиб додани протоколҳо дар бештари маврид дар минтақаҳои кӯҳистон мегузарад.

Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, гуфт, онҳо аллакай барои гузариш ба ин низом омодааанд ва баъди судури фармони дахлдор чораҳои заруриро андешидаанд.

“Ҳоло ҳамаи муассисаҳои хоҷагии ҷангал дар бонкҳо суратҳисоби худро доранд ва ҷаримаҳо тавассути ин суратҳисобҳо қабул карда мешаванд”, - гуфт ин масъули Агентӣ.

Ӯ, ҳамзамон, эътироф кард, ки воқеан барои онҳо мушкил мешавад кор кардан дар минтақаҳои кӯҳистон, чун дар бештари маврид дар он ҷойҳо суръати интернет аз меъёр зиёд суст буда, имкони пардохтпазирии ҷаримаҳо баъзан бо мушкилӣ ба даст меояд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони масъули Агентӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин мушкилӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби №1-и Агентӣ барои муддате боқӣ хоҳад монд, зеро замоне, ки ҳанӯз ҷаримаҳо нақдӣ ва дар бештари маврид дар ҷойи ҳодиса пардохт бояд мешуданд, пулситонӣ бо мушкилӣ сурат мегирифт.

“Шумо тасаввур кунед, ки як нафар чӯпон молу говашро ба ҷангал барои чаро медарорад. Ӯ ҳамроҳаш карта гирифта намегардад, ё махсус дар бонк суратҳисоб надорад ва ё мисли мо ҳамёни электронӣ надорад, ки ҷаримаро ба суратҳисоб интиқол диҳад. Ҷаримаро нозирот аз ӯ бояд чӣ тавр гиранд?”, - гуфт ӯ.

Мавриди таъкид аст, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад, вале ба кормандони Агентии хоҷагии ҷангал минбаъд ситонидани ҷарима барои шикор, дарахтбурӣ, чидани растаниҳои хӯрданбобу фоиданок ё чаронидани чорво бо роҳҳои ғайриқонунӣ чӣ гуна муяссар мегардад, вақт нишон хоҳад дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД