arzon replenishment
Акшай Кумар тарки Ҳиндустон мекунад?
04.09.2022
ОИЛА
793

Акшай Кумар тарки Ҳиндустон мекунад?
Манмухлисиашаддаи филмҳои ҳиндӣ ҳастам. Бароям бештар филмҳое писанд аст, ки дар он ҳунарманди дӯстдоштаам Акшай Кумар нақшофарӣ карда бошад. Азбаски пайваста ба зиндагиву фаъолияти ҳунармандони ҳинд мароқ зоҳир менамоям, чанде қабл дар сомонаҳои хориҷӣ мутолиа намудам, ки Акшай тарки ватану зодгоҳи худ намуда, ба Канада кӯч бастааст. Магар ин хабар рост аст?
Наима, аз ш. Ваҳдат.
Посух
Акшай Кумар яке аз ситораҳои тобони Болливудбуда, дар саросари ҷаҳон беш аз миллион мухлис дорад. Тавре расонаҳои хабарӣ менигоранд, айни замон актёри мазкур мавриди фишори ошкоро қарор гирифтааст. Сабаби ин ҳама фишору ҳуҷуми равонӣ нисбати Акшай Кумар шиносномаи ҳунарманд гаштааст. Ҳатто аксарият масхаромез ӯро “Акшай Канада” ном мебурдагӣ шуданд. Дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш ҳунарманди 54-сола иқрор шудааст, ки дар воқеъ шаҳрвандии Канадаро дораду борҳо дар фикри кӯч бастан ба ин кишвар гаштааст.
“Чанд сол аст, ки пахши 14-15 филми ман аз ҷониби масъулин рад карда мешаванд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки ҷои зисту фаъолиятамро тағйир додам. Модоме дар ин ҷо бахт ба ман намехандад, бояд коре ба анҷом расонам. Ба Канада рафтаму ариза пешниҳод карда, соҳиби шаҳрвандӣ шудам”.
Ҳунарманд иброз намудааст, ки шиноснома танҳо ҳуҷҷатест, ки тавассути он аз як кишвар ба кишвари дигар сафар кардан мумкин аст. “Ман ҳиндуяму андозро дар кишвари худам месупорам. Ҳарчанд метавонам андозро дар Канада супорам, вале онро дар кишвари худам месупорам. Ман ҳиндуям ва ҳинду мемонам!” гуфтааст Акшай зимни суҳбат бо рӯзноманигорон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД