Қалби шикаста (ҚИСМИ 1)
520

Гиряи талх

Фазиламоҳ бо алам мегирист, дар дили шаб бо сӯзу дард ашк мерехт. Деҳа ором буд, сукути пурасрори шабро садои чир-чири зиллаҳо ва ак-аки саги ҳамсоя Абҷир мешикаст. Духтар рӯи кати кӯҳнаи саҳни ҳавлии хурдакаку фақиронаашон чун ғарибони бенаво бегонавор мегирист, хомӯш ашк мерехт, намехост модари дилбанду пираш, ягона такягоҳаш дар ин олам сӯхтани ӯро бубинаду дард кашад.

Фазиламоҳ духтари порсоесту иродаи оҳанин дорад, вале таънаи имрӯзаи зани ҳамсоя, Ҷонони качалпо ба дилаш сахт расид. Зани ҳамсоя, ки хеши дурашон низ ҳаст, гӯё бо дилсӯзӣ ӯро насиҳат карда, гуфт:

- Фазила, синнат ба чил мерасаду то ҳол бешавҳар ҳастӣ, ин хуб нест. Медонӣ, ки дар он дунё пирдухтаронро ба барзагови занҷирбанд никоҳ карда медиҳанд?

Фазиламоҳ заҳри забони Ҷононро, ки хеле талх буд, фурӯ бурда, аз ҷой бархост, вале зани каждумзабон ба ин ҳам қонеъ нашуда, аз қафояш овоз дод:

- Ин дафъа ягон кӯр, кар ё мӯйсафеди шалақ баромад, гирифта рав…

Рӯзгори нобасомон

Фазиламоҳ духтари хурдии хонадони Меҳрдоди тракторчӣ ва Хайринисои говҷӯш буд. Падару модар ғайр аз ӯ чор фарзанди дигар доштанд. Азбаски модараш зани намозхону худотарс буд, фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, одампарастӣ, раҳмдилию порсоӣ тарбия намуд. Зиндагияшон шоҳона ҳам набошад, аз чизе танқисӣ надоштанд, зеро падари меҳнатияшон шабу рӯз баҳри зиндагии шоистаи фарзандон заҳмат мекашид. Апаи калонияшро ба шавҳар доданд, домодро Ҷонони качалпо ёфта буд, баъд маълум шуд, ки шавҳари апааш девонавзоъу ба зиндагии оилавӣ нотайёр будааст. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки дар шавҳар додани апааш Гулфазо ва Фазиламоҳ падар андешаи зиёде мекард.

Духтарони амаки Меҳрдод меҳнатию сархам ки буданд, хостгорони зиёде доштанд ва оқибат Гулфазоро ба ҳамсояписарашон ба шавҳар доданд. Зани ду бародараш низ аз байни шиносҳои падару модараш буданд. Хостгорони Фазиламоҳи марғуламӯйи сафедпӯсту абрӯсиёҳ бошад, аз мӯйи сараш зиёд буданд. Аммо падар аз бист-биступанҷ нафар хостгор ягонтояшро ба кенҷадухтараш сазовор намедонист. Як ҷавони таблабгор аз қаҳру ғазабу нокомӣ овоза мекунад, ки Фазиламоҳ бемор аст, ана ҳамин хабари бардурӯғ сабаби бастани дари бахти ин духтари нозанин гашт.

Бародарони Фазиламоҳ замини калони иҷора доштанду духтар шабу рӯз ҳамроҳи аҳли хонавода дар он кор мекард, парво надошт, ки солҳои беҳтарини умраш чун турнаҳо аз фазо мегузаранду дигар барнамегарданд. Дар ин байн падараш аз бемории саратони ҷигар оламро падруд гуфту дили аҳли хонаводаро хун кард.

Марги Санифа

Синни Фазиламоҳ боло мерафту дили модар ва апаҳояшро сагон тала мекарданд, охир, ҷигарбанди соҳибҷамолу боҳунару меҳнатияшон ҳайф мешуд. Хостгорони меомада мардони калонсоле буданд, ки духтари олуфта худро дар бари онҳо ҳатто тасаввур карда наметавонист.

Модару бародаронаш низ ҳаргиз ӯро ба издивоҷи маҷбурӣ тела намедоданд. Ҳамсолҳояш ҳамагӣ шавҳар карда рафта буданду ҷавонони ҳамсинфаш, ки бисёрии онҳо талабгори Фазиламоҳ буданд, зан гирифтанд.

Аслан онҳо се дугона буданд, Моҳсони духтари Ҷонони качалпо, Санифаи духтари аммааш ва Фазиламоҳ. Моҳсон аз бахти аввал наосуда, писарашро ба шавҳараш монда, шавҳари дигар кард. Риштаи умри Санифа бошад, хеле фоҷиаомез канда шуд. Фазиламоҳ то ҳол аз ғами духтараммааш хун мехӯрад. Санифаи нозанин ба дарди бедавое печиду як пояшро буриданд. Азбаски духтари зиндадил буд, бо пои ориятӣ кор мекарду ҳамрозу ҳамнафаси Фазиламоҳ, дугонаи ҷамолакияш буд. Вале дилаш дардманд гашту зери теғи ҷарроҳон ҷон ба ҷонофарин дод…

Марги Санифа дунёи Фазиламоҳро куллан дигар кард, духтар ба омӯзиши «Қуръон»-и маҷид камар баста, панҷ вақт намозашро тарк намекард ва бисёр вақт рӯзадор мегашт. Ӯ пеши худ мақсад гузошт, ки шавҳар намекунад ва умрашро сарфи ибодату парҳезгорӣ менамояд. Чун хостгорон гоҳу ногаҳ дарашонро мекӯфтанд, ӯ онҳоро рад мекард ва пайвандонаш низ чизе намегуфтанд.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД