arzon replenishment
Алла Пугачёва дар тӯйи арӯсу домоди девона
3072


Зану шавҳари гирифтори бемории синдроми Дауна 22-солагии тӯйи арӯсию домодии худро дар ҳалқаи ёру дустон ва хешу ақрабо ҷашн гирифтанд.

Вақте, ки Марианна ва Томми хонадор шуданашонро эълон карданд, ҳама ба ҳайрат афтоданд, зеро аксари одамон ошкоро онҳоро девон мехонданд. Хурду калон бар он назар буданд, ки зиндагии оилавии ин ду девона дер давом намекунад, аммо бар рағми ин ҳама писхандзаниву мазоқу масхара карданҳо шаҳу арӯси бемор дар аҳди худ устувор монда, чунон тӯйи бо ҳашаммат ва омонкаф оростанд, ки даҳони мардум воз монд. Дар маросими хонадоршавии Марианна ва Томми худи шоҳбонуи эстрадаи рус, примадона Алла Пугачева меҳмон шуда, шаҳу маликаи нозанинро бо чанд суруди зебои ошиқона муборакбод гуфт.
Онҳо дар калисои Сент-Марями Бритониё ақди никоҳ баста, зану шавҳари қонунӣ шуданд.
Одамон ба хонадоршавии ин ду ҷавони булаҷаб ба таври манфӣ вокуниш нишон доданд. Пас аз нашри видеоии маросими издивоҷи Мари ва Томми ҳамагон онҳоро дашном дода, мегуфтанд,ки ин домоду арӯси ба касалии рӯҳӣ гирифтор чӣ будани зиндагиро намефаҳманд. Ин иттифоқро танҳо дӯстони наздики Марианна ва Томми хуш қабул карданд.
Марианнаи 45-сола ва Томмии 59-сола сарфи назар аз ҳама бадгӯиҳои мардум ҳамдигарро дӯст медоранд ва хеле хушбахтанд. Марианна дар саҳифааш дар фейсбук пайваста аксҳои ошиқонаашро бо шавҳараш Томми гузошта аз муҳаббати бепоёни худ ҳарф мезанад.
Бисёриҳо фикр мекунанд, ки одамони гирифтори синдроми Дауна мустақил нестанд ва ба нигоҳубин ниёз доранд, вале Марианна ва Томми исбот карданд, ки чунин одамони бемор низ ба хушбахтӣ ҳақ доранд ва метавонанд оилаи обод бунёд намоянд. Дар ҳолатҳои фавқуллода бошад, ҳамсояҳои гирду атроф ба онҳо кӯмак мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД