arzon replenishment
Алла Пугачёва ва Тоҷикистон
930

15-уми апрел яке аз ҳунармандони бузурги рус, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Алла Пугачёва 75-сола шуд. Ӯ сарояндаест, ки на танҳо дар Русия, балки дар саросари олам шуҳрат дорад ва сурудҳояшро миллионҳо нафар дӯст медоранд.

Алла барои мардуми тоҷик бегона нест. Дар саросари кишвари мо мухлис дорад ва аксари тоҷикон “Миллион гули роз” - «Миллион алых роз»-и ӯро медонанд.

Бисёриҳо шояд надонанд, вале як бахши эҷодиёти Алла Пугачёва ба Тоҷикистон пайванд аст. Солҳои 70-ум дар саросаи Иттиҳоди Шӯравӣ номи оҳангсоз Александр Затсепин шуҳрат дошт. Аллаи ҷавон низ орзу дошт, ки сурудҳои ин композиторро сарояд. Солҳои 1975-1976 вақте Алла бо Затсепин шинос мешавад, оҳангсоз барои «Тоҷикфилм» суруд менавишт.

Он шабу рӯзҳо режиссёри тоҷик Муқаддас Маҳмудов филми бадеии “Шераки далер”-ро сабт мекард. Ин филм дар жанри афсонаи кӯдакон сабт шуда, муборизаи Шеракро ба муқобили беадолатӣ нишон медиҳад. Шераки Муқаддас Маҳмудов худро пайрави Хоҷа Насриддин медонад ва худаш ҳам хеле шӯх аст. Нақшҳои асосиро дар ин филм Сайидо Қурбонов (Шерак) ва Лютсия Рисқулова (Зайнаб) иҷро мекунанд.

Маҳз сурудҳои Зайнаб бо овози Алла Пугачёва садо медиҳад. Ин сурудҳо «Полно вокруг мудрецов» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) «Друг друга мы нашли» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) ва «Волшебник-недоучка» (А. Зацепин – Л. Дербенёв) зуд ба дили мардум роҳ ёфтанд.

Ҳамкории Александр Затсепин бо «Тоҷикфилм» самар овард ва баъди як сол Муқаддас Маҳмудов ба сабти филми «Ошпаз ва сароянда» шурӯъ карда, боз ҳам барои оҳанг ба Александр Затсепин муроҷиат намуд.

Сюжети ин филм чунин аст: Тоҳири ошпаз (дар нақш Рустам Уразаев) ва Зуҳрои сароянда (Махфират Ҳамроқулова) аз имтиҳони қабул ба мактаби олӣ намегузаранд, аммо зоҳиран ин онҳоро ғамгин намекунад. Ҳар кореро кушоишест. Ҳамин тавр, Тоҳиру Зуҳро ногаҳон ба Хонаи созу навои Ҳасан Ҳасанич Бармалиев меафтанд ва як имтиёзи тақдир онҳоро ба автопоезде ҳамроҳ мекунад, ки дар манотиқи куҳӣ ба мардум барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мекунанд. Дар филм нақши асосӣ – Зӯҳроро сарояндаи аллакай маъруфи тоҷик Махфират Ҳамроқулова иҷро мекунад. Вале вақте филм сабт мешавад, Ҳамроқулова бемор мешавад ва наметавонад сурудҳоро сабт намояд. Ва Александр Затсепин боз ҳам ба Алла Пугачёва муроҷиат мекунад. Дар ин филм низ сурудҳои Зуҳро «Лунная вода» «Мама», «Если долго мучиться», «Мы не любим друг друга» бо овози Алла Пугачёва садо доданд. Он шабу рӯз ин филм дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ хеле маъруф ва ин сурудҳо низ вирди забонҳо шуда буданд ва ҷавонон онро сари ҳар қадам месароиданд, махсусан, «Лунная вода», ки солҳои тӯлонӣ дар репертуари Алла боқӣ монд.

Алла Пугачёва дар мусоҳибаҳояш борҳо аз Махфират ёдоварӣ кардааст. «Зебоии бемисли Махфират буд, ки ба сурудҳои ман таваҷҷуҳ шуд ва ман маъруф шудам, вагарна ба мани он вақт фарбеҳ ва бенур кӣ аҳамият медод?»,- шӯхиомез гуфтааст дар як мусоҳибааш сароянда.

Солҳои 70 ва баъди он Алла Пугачёва шӯҳрати бемисл ба даст овард. Вай театри сурудро асос гузошта, ба сар то сари шӯравӣ ва хориҷа сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод, аммо ба Душанбе – пойтахти Тоҷикистон хеле дер, соли 1989 омад. Консерти Алла Пугачёва дар Варзишгоҳи Фрунзе, дар сатҳи хеле олӣ баргузор шуд. Худи сароянда низ аз Тоҷикистон бо таасуроти нек бармегардад. Бисёре аз сокинони Душанбе ҳанӯз ҳам консерти Алла Пугачёваро ба хотир доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД