Sebiston new 2024 october
СУРАЙЁ ҚОСИМОВА ШАВҲАРИ 32-СОЛА КАРД
33652

Шоми дирӯз дар сомонаҳои интернетӣ навори видеоие пайдо шуд, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошта, боиси пайдо шудани овозаву ҳангомаҳои зиёде гашт...
“Тӯйи Сурайё Қосимова”-чунин унвон дорад ин навори баҳсбарангез, ки сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Ин навори хеле кӯтоҳмуддат буда, аз як маҳфили зебои тӯйи арӯсӣ бардошта шудааст. Як гурӯҳ занону духтарон бо хурсандиву рақсу бозӣ арӯсеро, ки дар сар рӯймоли калони сафед дорад, аз як хона ба хонаи дигар мебаранд. Чодари калони арӯсӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки навор аз маъракаи никоҳ бардошта шудааст. Арӯс, ки танҳо дар як ҷойи навор чеҳрааш ба назар ҷилвагар мешавад, ба примадоннаи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимова шабоҳат дорад.

байни истифодабарандагони интернет баҳсу мунозираҳо атрофи ин навор хеле зиёданд. Гурӯҳе мегӯяд дар ҳақиқат модари ситораи №1-и тоҷик-Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед-примадонна Сурайё Қосимоваи 63-сола аз ҳамтои русаш Алла Пугачева қафо намонда, бо як ҷавони 32-сола издивоҷ намудааст, вале иддаи дигар ин овозаро рад карда, иддао доранд, ки ин навор танҳо як лаҳзаи клипи нави Сурайё Қосимова мебошад.

Барои фаҳмидани асли гап мо сароғоз ба продюссери Фарзонаи Хуршед-Баҳриддини Сабур занг задем, вале ӯ изҳори ноогоҳӣ намуда, гуфт, нав аз сафар баргаштаву аз чизе хабар надорад.

Пас аз ин хабарнигорони сомонаи Оила. ТЧ боз бо яке аз дӯстони ин хонавода тамос гирифтанд. Ин манбаъ, ки ба оилаи Сурайё Қосимова хеле наздик аст, овозаро тасдиқ намуда, гуфт:
-Дар ҳақиқат ду рӯз пеш тӯй буд, вале ман дар ин бора аз ин бештар чизе гуфта наметавонам. Ин мавзӯъ ба ҳаёти шахсии апаи Сурайё рабт дорад ва беҳтар аст, ки тафсилоташро аз худашон бипурсед.
Бо мақсади муборакбодӣ чанд маротиба гаштаву баргашта ба Сурайё Қосимва занг зада бошем ҳам, аз он ҷониб садое ба гӯш нарасид.

Сомонаи Оила. ТЧ ин мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард. Бо пайдо шудани маълумотҳои тоза дар бораи тӯйи арӯсии Сурайё Қосимова ҳатман ба шумо маълумот хоҳем дод. Бо Оила. ТЧ бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД