Arzon april 2022
Падари Ситораи Кароматулло мансаб гирифт!
49799

Кароматулло Раҳимов директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев бо фармони вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода роҳбари нави Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таъин гардид.

Барои тасдиқи ин хушхабар хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ бо духтари Кароматулло Раҳимов машҳуртарин сарояндаи кишвар Ситораи Кароматулло дар тамос шуд. 

Ситора дар сӯҳбати телефонӣ дар ин бора чунин гуфт: "Аз фармони вазири фарҳанги кишвар муҳтарам  Зулфия Давлатзода зиёд хурсанд гаштам, зеро хизматҳои шоёни падарамро ба назар гирифта, ба ин мансаб таъин намуданд. Падарам, ки худ санъаткори асил ҳастанд, бовари комил дорам, ки ҳунармандони ҷавонро дар ин самт дастгирӣ мекунанд".

То имрӯз Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дар вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият дошт, аз вазифа сабукдӯш гардид. Афзалшоҳ Шодиев дар ин бора ба хабарнигори сомонаи pressa.tj гуфтааст, ки таъиноташ ҳамин субҳ баромад ва директори навро бевосита худи вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода муаррифӣ намудааст.
“Субҳи имрӯз вазир омаданд ва фармони барканор кардани маро қироат намуда, директори навро таъин намуданд”-мегӯяд ҷаноби Афзалшоҳ бо афсӯс...
Тавре манбаъ овардааст, Афзалшоҳ Шодиев қаблан дар мавриди барканориаш аз чизе огоҳ набуд ва хабари аз кор озод шудан барояш ғайричашмдошт шуд. Дар мавриди нақшаҳои ояндааш сароянда гуфт: “Чизҳоямро ҷамъ карда меравам”.
Ёдовар мешвем, ки Афзалшоҳ Шодиев соли 1960 таваллуд шуда, синни ба нафақа баромаданаш чор сол баъд фаро хоҳад расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД