shoh palace
Аловиддин Абдуллоев:  Маро модарам дар саҳна зодааст
2938

 

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон 15 майи соли 1965 дар оилаи зиёӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1982 мактаби миёнаи № 6-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва соли 1989 факултаи актёри театр ва кинои Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Айни замонДиректори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа. Оиладор, падари 4 фарзанд.

– Хола, ҳо холаҷон!
– Ҳа, чӣ мегӯйӣ, келинҷон?
– Хезен, ма иҷаҳоя руфта тоза кунум, ки бачатон омадестай, бина, ки хона чиркинай, бо ҷанг мекуна...
– Ғамум додӣ, келин, хайр, майлуш, ина хестум.
– Холаҷон, ба ҳами чухтит, ҳаму кӯрпачаҳоро метиӣ?
– Майлуш, маҳ, келинҷон!
– Ба ҳами чухтит, якбора ҳаму чойнику пиёлаҳора буте, хола.
– Маҳ, келинҷон, бигир!
– Мебахшӣ холаҷон, ба ҳами чухтит, ҳаму дастурхонам медодӣ...
Хушдоман дастурхонро ба келин дароз кард:
– Намешава, ки ба ҳами чухтим якбора гӯри туву очаи ҳамин хел духтар тарбия кардагитам бар ба барак биканум, келинҷон?!
Келин ба маънии сухани модаршӯяш аҳамият надода:
– Раҳмат, холаҷон, раҳмат…
Ин саҳнаи ҳаётӣ аз муносибати келини бемаърифат нақл карда, на танҳо тамошобинонро механдонад, балки як тири нишонрас аст дар Соли оила, то духтарон ва ҷавонзанҳо аз он панд гирифта, шеваи муносибат бо хушдоманро биомӯзанд.

alt

Сароғоз мехостем фаҳмем, ки идеяи ин саҳна чӣ тавр пайдо шуд?
– Чанд сол пеш мо барои ҳунарнамоӣ ба яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ рафтем. Мухлисони зиёде дар пушти дари толоре, ки бояд мо он ҷо баромад мекардем, ҷамъ шуда буданд ва ҳар кас кӯшиш мекард, илоҷе карда дарояд. Ба гӯшам садои ларзони занонае расид, ки зорикунон мегуфт: «Ман ба Аловиддин як гапи зарур дорам, илтимос, монед дароям!» Ишорат кардам, ки он пиразанро ба наздам биёранд. Пас аз салому алейк кампирак оҳи сард кашида гуфт: «Бачам, як келини танбал дорум, фақат мани кампира кор мефармоя, фикр намекуна, ки ман пир шудам, дигар қуввату мадор надорум.Ҳаму келини мара як саҳнаи ҳаҷвӣ карда барор, тамошо кунум, баъд мурум, дигар ормон надорум...» Саҳнаи «Ба ҳаму чухтит»-ро ман ба хотири ҳамон пиразан тайёр кардам, вале ин саҳна барои ҳама як навъ дарси ибрат аст.

Аловиддин, бурди Шумо дар он аст, ки бисёр табиӣ нақш мебозед.Саҳначаҳои шуморо тамошо карда истода кас гумон мекунад, ки ҳодиса дар саҳна не, дар зиндагии воқеӣ рӯй дода истодааст. Махфӣ набошад, бигӯед, ки ин чӣ гуна ба шумо даст медиҳад?
Устухони ман ба қавли кампиракон дар саҳна «шах» шудагӣ, шояд барои ҳамин нақшҳоям табиӣ мебароянд.

Ростӣ, манзуратонро нафаҳмидам.
Маро модарам дар саҳна зоидагӣ мегӯям.

Эй, инаш бисёр аҷиб-ку! Магар модаратон актриса буданд?
Актрисанабуданд, вале ман аз замони қандро кака гуфтанам актёрӣ мекардам. Ҳар сол дар Соли нав гоҳ харгӯшак шуда, дар атрофи Бобои Барфӣ ва Барфаку арчаи солинавӣҷастухез мекардаму гоҳи дигар нақши гургу рӯбоҳро мебозидам.

Замони боғчаравиатонро ҳам дар ёд доред, офарин!
Бале, ба боғчаи бачагонаи рақами 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа мерафтам.

Мо хуб медонем, ки Аловиддин иштирокчии фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб буд, вале бароям он аҷиб аст, ки чӣ тавр театри вилоятӣ барои дохил шудан ба донишкадаи санъат ба Шумо роҳхат дод?
Ман аз соли 1970 бо театр ҳамкорӣ доштам ва истеъдоду маҳоратамро ба назар гирифта маъмурияти театр барои ба Донишкадаи давлатии санъат дохил шудан ба ман тавсиянома дод.

Ҳангоми дохил шудан ба донишкада киро тақлид карда будед, дар ёд доред? 
Ба қаҳрамони филми машҳури «Бандии Кавказ» Сааков тақлид намудам. Устодон қариб аз ханда рӯдакан шуда буданд.

Вақте ки касеро танқид мекунанд, албатта, меранҷад, вале ман то имрӯз нашунидаам, ки касе барои ӯро ҳаҷв карданаш аз Аловиддин хафа шуда бошад. Ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст?
Медонед, баъзеҳо тақлид мекунам гуфта одамро таҳқир мекунанд, барои ҳамин сахт мерасад. Ман то имрӯз дар ягон саҳнаам касеро таҳқир накардаам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо муҳаббат тақлид намоям, на бо ҳисси бадбинию нафрат.

Бархе бар он назаранд, ки нони аз ҳама осон ба даст меомада нони актёр, хоса ҳаҷвнигор аст...
Одамонро хандондан дар назари аввал осон менамояд, вале дар асл бисёр кори душвор аст. Шахсан ман барои ҳар як саҳначаамро тайёр кардан ба чандин шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо сокинони навоҳии гуногун суҳбат мекунам, хислат, тарзи зиндагӣ, урфу одат ва шеваи гуфтору лаҳҷаашонро меомӯзам.

Пас, ҳар он чи мо дар саҳна мебинем, маҳсули тахаюли худи Аловиддин аст?
Бале, бештари саҳнаҳоямро худам эҷод мекунам.

Мавзӯъро аз куҷо мегиред?
Аз диду шунидаҳоям, аз ҳаёти мардум...

Дар як филми афғонӣ шуморо дида будам. Дар кино тақрибан чанд нақш бозидаед?
Зиёда аз 30 нақш дар кино ва бештар аз 50 нақш дар театр, ба ғайр аз «Шӯхиҳои Аловиддин».

Боре ҳамроҳи чанд ҳамсабақам «Шӯхиҳои Аловиддин»-ро тамошо мекардем. Яке аз дугонаҳоям сар ҷунбонда гуфт:«Аз афташ, Худованд ҳамин Аловиддина зан офарам гуфтаасту боз мард офаридааст-дия! Бинед, нақши занро чунон моҳирона мебозад, ки хаёл мекунӣ, дар ҳақиқат, зан бошад!» Ин баҳои баландро танҳо он ҳамсабақи банда не, аксари тамошобинонба ҳунари шумо медиҳанд. Бигӯед, ки ин қадар моҳирона бозидани нақши зан ба шумо чӣ гуна муяссар мешавад?
Ин самари ҷустуҷӯҳои пайвастаи эҷодӣ ва заҳмати шабонарӯзист. Зиндагӣ, ҳаёт худаш мактаб аст, агар чашми тезбин дошта бошӣ.

Зан аз нигоҳи ҳунарманде, ки бештар нақши занонро мебозад, бояд чӣ гуна бошад?
Оқила ва зебо, ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан. Зан, агар соҳибмаълумот ва бохирад бошад, маслиҳатчии беҳтарини шавҳар мегардад. Зани оқила беҳтарин сарвати мард аст, чунки фарзандони солеҳ вадонишманд тарбият намуда, номи шавҳарро абадзинда мегардонад.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД