Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз эҳтимол бо шахсе шинос шавед, ки ба илм ё адабиёт алоқаманд бошад. Дар муошират мулоим бошед, танқид ва талаботи зиёд метавонад муносибатҳоро вайрон кунад. Дар кор фишор зиёд мешавад, вале шумо бо сабр ва зиракӣ аз уҳдаи ҳамаи душвориҳо мебароед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед. Шомро бо варзиши сабук ё сайри кӯтоҳ сипарӣ намоед, то оромии равонӣ барқарор гардад.
Савр (20 апрел-20 май)
Барои нигоҳ доштани муҳаббат ором бошед, аз қаҳру ноз худдорӣ кунед. Дар хона нофаҳмӣ эҳтимол дорад, вале сухани нарм ҳама мушкилро ҳал мекунад. Дар кор ё таҳсил каме монеаҳо пеш меоянд, аммо набояд рӯҳафтода шавед. Ҳолати молиявӣ муваққатан душвор мегардад, вале сабр кунед, вазъ беҳтар мешавад. Имрӯз машқи сабук, шиноварӣ ё роҳгардӣ ба шумо фоида меорад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз шитоб накунед, тақдир худаш одамони лозимро ба сӯи шумо меорад. Бо ҳамкорон ва фарзандон бо эҳтиёт рафтор кунед, аз баҳс худдорӣ намоед. Агар кори нав меҷӯста бошед, имкони хуб пайдо мешавад. Барои оромии рӯҳӣ бештар истироҳат кунед, фикрҳои нохубро аз худ дур созед. Ҳиссиётатонро зери назорат гиред, оромӣ калиди муваффақият аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз барои шиносоии нав ва пайдо шудани муҳаббати ҷиддӣ рӯзи хуб аст. Дар гуфтор эҳтиёт бошед, ҳар суханро андешида гӯед. Дар ҷои кор диққат лозим аст, корҳои навро беҳтараш ба рӯзи дигар монед. Баъзе атрофиёнатон метавонанд асабонӣ бошанд, вале шумо оромиро нигоҳ доред. Ҳавои тоза ва машқи сабук ба рӯҳи шумо таъсири мусбат мегузорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳсосотатон зиёд мешавад, вале кӯшиш кунед бепарво бошед. Аз баҳсу ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Шояд гумон кунед, ки атрофиён бар зидди шумоанд, аммо ин танҳо хаёл аст. Энергияи шумо баланд аст, вақтро барои иҷрои нақшаҳо истифода баред. Дар масоили пулӣ эҳтиёт кунед, хароҷоти ногаҳонӣ имкон дорад. Ба ҳолати чашмҳо диққат диҳед, каме дам гиред ё машқи биниш анҷом диҳед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Пеш аз гирифтани қарорҳои муҳими ошиқона эҳсосоти худро дуруст дарк намоед. Агар фарзандон шуморо асабонӣ кунанд, бо меҳрубонӣ муносибат кунед. Имрӯз вақти хуб барои иҷрои нақшаҳои дерина аст. Агар хонаатонро тоза ё таъмир кунед, фазо боз ҳам мусбат мешавад. Агар худро хаста ҳис кунед, дам гиред ва аз корҳои вазнин канорагирӣ намоед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз бо дӯстдоштаатон нофаҳмӣ имкон дорад, сабр ва таҳаммул нишон диҳед. Шахси азиз метавонад бо меҳру муҳаббат хотиратонро шод кунад. Дар кор, роҳбар метавонад қобилияти шуморо бисанҷад, аз ин рӯ масъулиятнок бошед. Имкони гирифтани маблағ ё иловапулӣ вуҷуд дорад. Варзиши сабук ва нафаскашии дуруст саломатиятонро мустаҳкам мекунад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳтимоли ихтилофҳо зиёд аст, аз ин рӯ кӯшиш кунед бо наздикон ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошед. Дар корҳои хона ва касбу кор сабр нишон диҳед. Дар масоили молӣ эҳтиёт кунед, аз хароҷоти беҳуда парҳез намоед. Нимаи дуюми рӯз саломатиро эҳтиёт кунед, аз шамолхӯрӣ ва сардӣ худро эмин доред.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муҳаббат шитоб накунед, муносибатҳои ошиқонаро бо оромӣ нигоҳ доред. Агар дӯстдошта дошта бошед, бо сухани нарм оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ кунед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои хона муфид аст. Агар фикри иваз кардани ҷои корро дошта бошед, аввал ҷойи нав ёбед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, захира дошта бошед. Варзиш, йога ва сайри сабук ба саломатӣ ва рӯҳи шумо фоида меорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Агар муносибатҳоятон бо дӯстдошта сард шуда бошад, беҳтараш ӯро раҳо кунед. Шояд шумо ба ҳам мувофиқ нестед. Тағйири ҷойи зист ё мебели хона нерӯи мусбат меорад. Имрӯз пурэнергия ҳастед, корҳои дермондаро анҷом диҳед. Барои соҳибкорон рӯзи хуб аст. Дар хароҷот оқилона рафтор кунед ва ғизои солим бихӯред. Имрӯз барои варзиш ва истироҳати фаъол рӯзи мусоид аст.
Далв (20 январ-18 феврал)
Агар муносибатҳои ошиқонаи ҷиддитар доштан хоҳед, шитоб накунед. Одамро шинохтан кори осон нест, барои ин вақт лозим аст. Имрӯз беҳтараш ором бошед ва вақти бештарро бо наздикон гузаронед. Эҳтимол душманон ё ҳасудон фаъол шаванд, аммо ба онҳо аҳамият надиҳед. Дар масоили молӣ эҳтиёт кунед. Агар хоб ва ғизои худро дуруст танзим намоед, рӯҳия ва саломатиятон хуб мешавад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз эҳсос мекунед, ки дӯстдоштаатон камтар ба шумо таваҷҷӯҳ мекунад, шояд сабаби он ранҷиши пинҳон бошад. Бо самимият суҳбат кунед. Тағйироти наздик барои шумо судманданд. Дар кор кӯшиш кунед мавқеи худро нигоҳ доред. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Варзиш, роҳгардӣ ва ҳавои тоза ба саломатӣ ва рӯҳияатон фоида меорад.