Аҳмадзода дар Бӯстон бо сохтмони корхонаҳои нав шинос шуд
05.02.2026
Oila.tj
59

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо раванди сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ҷониби ҶДММ «Анқо Инвест» дар масоҳати 3 гектар корхонаҳои бузурги забҳи мурғ, тозакунӣ ва бастубанди маҳсулот бунёд шуда истодааст. Дар корхона таҷҳизоту технологияҳои муосири кишварҳои Чин, Шветсария ва Федератсияи Русия васлу насб мегарданд. Аз ҷониби масъулони ширкат тамоми занҷираи истеҳсолот - аз барориши чӯҷа, парвариши мурғ то истеҳсоли гӯшт ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ҳамчунин, соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов тасмим гирифтааст ҷиҳати таъмини бозор бо масолеҳи сохтмон боз як корхонаи нав бунёд намояд. Дар корхонаи нав истеҳсоли ширеши сохтмонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

- Мавриди зикр аст, ки корхонаи истеҳсоли газоблок айни замон фаъолияти муназзам дошта, маҳсулоти он барои бунёди иншооти таъиноти гуногун васеъ истифода мегардад,- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, роҳбари вилоят бо корҳои азнавсозии меҳмонхонаи "Хуҷанд" ва Театри русии драмаи ба номи А. Пушкин шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД