sebiston july new
Амирҷон Рӯзиев: Душанберо бо сурудҳои худ муарррифӣ мекунем
598

 

Ин рӯзҳо дар тамоми гӯшаи шаҳри Душанбе бо шаҳомат рӯзи пойтахтро, ки ҳамасола саннаи 15-уми март таҷлил мешавад, ҷашн гирифт истодаанд. Албатта, Душанбе имрӯз аз дирӯз куллан тафовут дошта, онҳое, ки ҳадди ақал 10 сол пеш аз ин ҷо кӯч баста буданд, ё бори охир ин шаҳрро дида буданд, имрӯз хеле кам мешиносандаш, чунки бо ташаббусҳои пайвастаи шаҳрдори ҷавон симои шаҳр муосир гардида, он ба минтақаи ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни суҳбат аз суханронии Пешвои миллат итибос оварднд, ки баҳои воқеӣ ба Душанбе аст. Тавре ки Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд: “Пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе оийнаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон аст”. Мавсуф роҷеъ ба оийинҳои қадимаи шаҳрдориву шаҳрсозӣ ва бунёди иншоотҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва шуҳрати имрӯзи Душанбе сухан гуфтанд.

Суруш Холов, сароянда маъруфи эстрада зимни суҳбат бо сомонаи “Оила.тҷ” гуфт, шаҳри Душанбе нисбат ба панҷ соли пештар хеле тағйир ёфтааст.

“Албатта фикр мекунам, ки ин ободониҳо, на танҳо сол ба сол, балки рӯз ба рӯз ба назари кулли мардуми шаҳри Душанбе ва дигар аҳолии Тоҷикистон аён гардида истодаанд”, - гуфт ин мутриб.

Бахтиёр Қутбиддин, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллӣ таъкид кард, ки дар ҳақиқат симои шаҳри Душанбе тӯли чанд соли охир ба таври хеле намоён тағйир ёфт.

“Барои ман шахсан ҳамчун як сокини шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳ ин, пеш аз ҳама, озодагиву тозагии шаҳр ва гулу гулкориҳои он, хусусан дар маркази шаҳр мебошанд, ки инсонро водор месозанд, то ғарқи олами гулҳо шавад. Инчунин, бунёдкориҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чанд соли охир бисёр вусъат доранд. Ин ҳама ободиву зебоиҳо, на танҳо ба чашми ман, балки он сайёҳоне, ки чанд сол қабл омада буданд, менамоянд. Ҳар як меҳмоне, ки ба шаҳри Душанбе меояд, сарраввал ин ҳама ободкориҳоро бо дигар пойтахтҳои кишварҳо муқоиса карда, қоил мегардад. Ман фикр мекунам баъди даҳсолаҳо Душанбе ба як шаҳри шинохтанашаванда табдил меёбад”.

Раънои Хуршед, ғолиби мутлақи сабқати ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” низ тавсифи ободиҳои пойтахтро намуда, гуфт, Душанбе шаҳрест, ки вақте инсон ба он дохил мешавад, нафаси тозаи муъҷизаосои шаҳр эҳсос мегардад.

“Ман имрӯз Душанберо ба чор соли қабл муқоиса мекунам, пеш аз ҳама, ба он иншооте, ки чор сол қабл нав санги асос гузошта шуда буданду имрӯз ба таври хеле замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, хеле зебоянд”.

Амирҷон Рӯзиев, сароянда маъруф, гуфт, Душанбе рӯз аз рузу сол ба сол зебо гардида истодааст. Ин ҳама биноҳои зебо дар ҳақиқат ғайричашмдоштанд.

“Дар кӯтоҳтарин муддат маҳз аз ҷониби шаҳрдори ҷавони пойтахт ин гуна пешравиҳо амалӣ гардида истодаанд. Мо сарояндагон кӯшиш мекунем, ки ин гуна ободиҳоро бо сурудҳои худ ба мардум муарррифӣ кунем”.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона тамоми сокинони шаҳри Душанберо ба ин сана табрик гуфта, таманно мекунад пойтахти азизи мо ҳамеша зебову дилоро бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД