arzon replenishment
Амиша Пателро падараш оқ кард?
3251

Парвози парвонаи зарринбол

Амиша Пател яке аз ситораҳои машҳури Болливуд буда, 9-июни соли 1976 дар шаҳри Мумбай дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Амишаи хурдакак аз кӯдакӣ ба санъат шавқу ҳаваси беандоза дошт.

20882cb3220c

Ин духтараки фатиламӯй ҳанӯз овони 5-солагӣ нозукиҳои рақсро омӯхта дар озмунҳои гуногун иштирок менамуд ва раққосаҳои касбиро мот мекард. Баъди хатми мактаб падару модараш Амишаро барои идома додани таҳсил ба Амрико фиристода, умедвор буданд, ки духтарашон хонда соҳибилм мешавад, вале духтари эрка дар мулки бегона аз худ рафт. Ӯ дар Амрико ба ҳайси модел ба кор даромада, соҳиби чандин кавалерҳои миллионер гашт. Акнун барои ин бонуи ҳиндӣ спонсор ёфтан ягон душворӣ надошт, нигоҳи ошиқкуши Амиша калиди муъҷизаноке буд, ки дари хазинаҳои дунёро ба рӯяш боз мекард. Мардони сарватманд тайёр буданд барои як чашмак задан тамоми давлат у сарваташонро пеши пойи ин зебосанами гандумгун партофта, ғуломи ҳалқабаргӯши ишқаш шаванд. Туфайли ошиқони номдораш духтарак дар як муддати кӯтоҳ дар ҷодаи мӯд чунон муваффақ шуд, ки моделҳои чандин сол дар ин соҳа заҳмат кашида чунин парвози баландро ҳатто дар хоби шабашон намедиданд…

ameesha-patel-230a

        
Зебосанами мағрур

Вақте Амиша ба Ҳиндустон, ба назди азизони дилаш баргашт, ҳатто дӯстони наздиктаринаш низ аз тарзи суханронӣ ва муносибати ӯ ба ҳайрат омаданд. Амиша дигар он Амишаи деҳотӣ набуд, вай чунон бо ғуруру такаббур ҳарф мезад, ки хаёл мекардӣ духтари шоҳ аст.  Назари ин зебосанами ҷаҳондида акнун ҳатто дугонаҳои наздикашро намегирифт. Вай бо дӯстонаш бо нӯги даст салом карда, осемасар “мебахшед, ман вақт надорам” гӯён, ҳавобаландона аз канорашон гузашта мерафт. Кибру ғурури аз ҳад зиёдаш боиси он гашт, ки ҳатто дӯстони наздиктаринаш ҳам аз Амиша ранҷида, аз ӯ дур шуданд.

Ameesha-Patel-1
                         

“Бигӯ, ки дӯстам медорӣ”

Пас аз бозгашт аз Амрико Амиша ҳаёти худро пурра ба санъат бахшида, дар театр ба кор даромад ва бо коргардон ва актёрҳои машҳури кишвараш ошноӣ пайдо кард. Соли 2000-ум ӯро ба филми “Бигӯ, ки дӯстам медорӣ” даъват намуданд. Дар ин филм вай бо ҳунарманди ҷавон, вале аллакай овозадор Ритик Рошан нақш бозида, дар байни мардум машҳур шуд. Ин ду ҳунарманди ҷавон образи ошиқу маъшуқаро чунон табиӣ бозиданд, ки тамоми Ҳиндустон барои қисмати талхи  ин дилдодагон гиря кард. Филм ба Амиша ва Ритик шуҳрати бузург оварда, онҳоро соҳиби  ҷоизаи олии Ҳиндустон “Беҳтарин ҳунармандони сол” гардонд.

Ameesha-Patel_6
Акнун зебосанам лаҳзае оромӣ надошт, продюссер ва коргардонҳои машҳури Болливуд аз пасаш поида мегаштанд, ки кай Амиша аз дари хонааш мебарояд, то илоҷе карда дилашро ёбанд ва барои нақш бозидан дар филмҳояшон розигии ӯро гирифта, шартномаҳои муфидро ба имзо бирасонанд. Ба ӯ ҳазорон сенария пешниҳод карда бошанд ҳам, зебосанам танҳо бо ду коргардон шартнома баста дар филмҳои ““Гурезаҳо” ва “Ба хотири ту” нақш бозид. Ин филмҳо шуҳрати ӯро боз ҳам афзуданд ва номи Амиша Пател дар радифи машҳуртарини ҳунармандони Болливуд аз қабили Шоҳрух-Хон, Салмон-Хон, Амир-Хон, Ритик Рошан, Айшвария Рай, Прити Зинта ва Мадҳури Дикшит қарор гирифта, мардумро ӯро боз ҳам бештар дӯст доштанд, аммо муҳаббати эшон дер давом накард…

Каманди ишқ

Дар забони хурду калони сарзамини паҳновари Ҳиндустон танҳо ду ном буд-Амиша ва Ритик! Гӯшу ҳуши мардум ва чашмаки камераи наворбардорию дастгоҳҳои суратгирии журналистон ҳамеша сӯйи онҳо рост карда шуда, интизор буданд, ки байни ин ду дилдода чӣ гапу чӣ корҳо мегузаранд, зеро хуб медонистанд, ки баъди дар филми “Бигӯ, ки дӯстам медорӣ” нақш офаридан ин ду ҳунарманди ҷавон волаю шайдои ҳамдигар гаштаанд. Ритик ошиқи зори Амиша гашта, ӯро рӯйи даст бардошта мегашт, аммо зебосанами бевафо ишқи ӯро пушти по зада, бо мардони дигар низ мулоқотҳои ошиқона меорост.

amisha-patel-224a
     
Овозаҳо дар бораи ишқварзии Амиша бо мардони сарватманд ба гӯши Ритик расида бошанд ҳам, ин Маҷнуни сонӣ ба миш-миши марҳум ва пичинги ҳамкоронаш чандон аҳамият намедод, то даме, ки яке аз маҷаллаҳои машҳури Ҳиндустон аксҳои урёни Амишаро бо коргардон Раҷ Прадак дар саҳифаи аввалаш чоп намуд…

Сирри фошгашта ва ҳуҷуми духтари оқипадар

Кадом суратгири зираку ҳушёре Амишаро ҳангоми ишқварзӣ бо коргардон Раҷ Прадак луб-лучи модарзод сурат гирифта, бо чопи ин аксҳои фаҳшу урён дар саҳифаи маҷалла дар саросари Ҳиндустон шӯри қиёмат барпо намуд. Мухлисонаш баъди дидани ин суратҳои нангин Амишаро фоҳишаи касофат номида, аксҳои зебои ӯро, ки то ин дам чун тӯмор бо худ гирифта мегаштанд, дарронда мепартофтанд. Падараш ба ин шармандагӣ тоб наоварда, Амишаро оқ кард ва аз хона берун намуд. Зебосанам пулу моли бисёр дошта бошанд ҳам, ягон дӯсти қарине надошт, ки дар ин рӯзҳои сахт ӯро дастгирӣ кунад. Чораи дигар наёфта, вай мисли модашери захмӣ ба ҳуҷум гузашт ва коре кард, ки то он дам касе чунинашро ёд надошт…

f060d48e209c80184f35efabe831ad03

Забони зани ғар дароз

Вақте ки одамони наздиктаринаш аз вай рӯ гардониданд, Амиша дар тамоми бадбахтиҳои ба сараш омада Ритик Рошанро гунаҳкор дониста, қарор дод, ки аз ӯ қасос мегирад, чунон қасос мегирад, ки Ритик онро то дами маргаш фаромӯш накунад. Бо ҳамин мақсад вай ба хабарнигорон занг зада, онҳоро ба гуфтугӯи ошкоро даъват намуд. Вақте журналистон сабаби ба Ритик Рошан хиёнат карданашро аз Амиша пурсиданд, вай лабашро бурма карда гуфт:

-Ритик қобилияти мардӣ надорад ва бо зан тамоман муносибат карда наметавонад. Вай бачабоз аст, танҳо бо мардон ишқварзӣ мекунад…

Ин сухани актриса мисли бомбаи атомӣ дар толор таркиш ба амал оварда, хабари “Бачабоз” будани Ритик Рошан дар як дам тариқи радиову телевизион ва матбуот дар саросари Ҳиндустон паҳн гашт.

 Аз муҳаббат то нафрат як қадам

Изҳороти Амиша Ритики ҳанӯз аз тири хиёнати ӯ ба худ наомадаро девонатар кард. Ин зебосанами сангдил бо туҳмати ноҳақи бофтааш ғурури мардии Ритик Рошанро зери по намуда, ӯро ба даррандаи ваҳшӣ табдил дод. Ҳунарманди машҳур ва ситораи синамо буданашро фаромӯш карда, ошиқи таҳқиршуда дар сари қаҳру ғазаб ба хонаи маъшуқаи туҳматчиаш омад ва Амишаро чунон бераҳмона зад, ки бинӣ ва дандонҳояш шикастанд, агар ҳамсояҳояш доду фиғони актрисаро шунида намеомаданд, шояд Ритик Рошан ӯро зада мекушт. Зебосанами дар хуни худ ғарқро бегонаҳо ба беморхона бурданд.
             
Амиша қариб як моҳ дар бемористон хобида, бинии шикастаашро ҷарроҳӣ кард ва ба ҷойи дандонҳои шикастааш дандони сунъӣ монд. Пас аз баромадан аз бемористон вай аз рӯйи Ритик ба суд ариза навишта бошанд ҳам, дӯстони мансабдори Ритик ин корро хобонданд.  Акнун ду ҳунарманде, ки замоне ошиқи зори ҳамдигар буданд, сояи якдигарро аз девор метарошиданд, агар Ритик Рошан ба маҳфиле рафта дар он ҷо Амиша Пателро бубинад, дарҳол баромада меравад, Амиша низ аз шабнишиниҳое, ки Ритик он ҷо зуҳур дорад, мегурезад.

 


Бурак Дениз ҳунарманди бисёр ҷавон, вале машҳури синамои турк буда, мардуми тоҷик ӯро ҳамчун соҳибкор Мурод аз силсилафилми «Любов не понимает слов» хуб мешиносанд.

-Дениз-Дузде,-ки-дил-медуздад_1


 

Руҳи бешикаст

Ба ҷойи Амиша Пател каси дигар мебуд, шояд баъди ин ҳама шармандагиҳо худро ба дор меовехт ё гӯшанишинӣ ихтиёр мекард, аммо ин зебосанами мағрур руҳи бе шикаст дорад ва ба овозаю ҳангомаҳои вирди номаш пайдошуда заррае аҳамият намедиҳад. Новобаста ба ҳама шӯру шари зиндагии шахсиаш вай фаъолияти худро дар Болливуд идома дода, боз дар чандин филмҳои дигар нақшҳои олидараҷа бозид ва ба қатори ҳунармандоне дохил шуд, ки гонорари баландтаринро мегиранд. Соли 2011 Амиша Пател маркази продюссерии худро кушод ва дар ин самт низ муваффақ гашт. Вай тамоми ҳастиашро ба кор бахшида, мехоҳад киностудияи шахсии худро кушояд ва филмҳое ба навор бигирад, ки то кунун касе дар ҷаҳон ба навор нагирифта бошад. Чанд муддат Амиша бо коргардони синамо Викрам Бхат муносибати ошиқона дошт ва баъди 8 сол қиссаи ишқи онҳо завол ёфт. Баъди ин, актриса бо тоҷири ҳинд Канав Пурӣ издивоҷ намуд, вале зиндагияшон дер давом накард. Имрӯз Амишаи соҳибҷамол 40- сола шуда бошад ҳам, то кунун ошиқони бешуморе дар атрофаш парвонавор давр мезананд, вале ин зебосанами ҳунарманд ҳанӯз шоҳзодаи орзуҳояшро наёфтааст…

Омодасоз: Р. Азимӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД