Ҳамоиши занону духтарон дар ноҳияи Ёвон
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Мақоми зан дар меҳвари Паём: аз сухан то амал» ҳамоиши занону духтарон доир гашт.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд. Дар он ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст.
Чорабинӣ бо мақсади таҳкими нақши занон дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба созандагию бунёдкорӣ баргузор гашта, таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолият ва иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд. Имрӯз занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд.
«Тарбияи дурусти духтарон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, пешгирии амалҳои номатлуб ва таҳкими оила аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад»,– баён гардид дар ҳамоиш.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода изҳор дошт, ки тарбияи насли солим ва худогоҳ ба нақши модар вобаста буда, зан ҳамчун тарбиятгари асосии оила ва ҷомеа масъулияти бузург дорад. Дар ин замина ҷалби занону духтарон ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ мебошад.