Нерӯҳои баҳрии ИМА дар баҳри Уммон ба сӯйи як киштии Эрон, ки талош доштааст аз муҳосираи баҳрӣ берун шавда, тир холӣ карда, онро ба зӯрӣ соҳиб шудаанд.
Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп хабар дода, навиштааст, ки киштии “Туска” ба ҳушдорҳои низомиёни Амрико бетаваҷҷуҳӣ карда, талоши гузаштан аз муҳосираи баҳрии Иёлоти Муттаҳидаро дошт ва нерӯҳои баҳрии Амрико ин киштиро дар баҳри Уммон боздошт кардаанд.
Сипоҳи посдорони Эрон тирандозии нерӯҳои баҳрии Амрикоро ба сӯйи киштии худ “нақзи оташбас” хонда, гуфтааст, ки ба зудӣ ба ин “дуздии дарёӣ”-и посух дода, интиқом мегиранд.
“Амрикои таҷовузкор бо нақзи оташбас ва роҳзании дарёӣ, бо шиллик ба сӯи яке аз киштиҳои тиҷоратии Эрон дар обҳои баҳри Уммон ва фуруд овардани теъдоде аз нерӯҳои мусаллаҳи худ ба рӯи аршаи киштӣ, онро мавриди таҷовуз қарор дод”,- омадааст дар изҳороти ҷониби Эрон.