sebiston july new
Ҳамсояи фиребгар мӯйсафеди 63-соларо хонасалот кард
3163

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе як марди 43-соларо бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

Ин марди бе нангу номус як мӯйсафеди 63 -соларо ҳадафи хеш қарор дода, беш аз 12 ҳазор долларашро аз худ намудааст,-хабар медиҳад Sputnik .

Ба гуфти кормандони хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як марди 63-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, аз ҳамсояи қаллобаш шиква намудааст. Ба қавли ин мард, санаи 13-уми январи соли 2018 ҳамсояи маккораш беш аз 12 ҳазор доллар маблағи ӯро бо фиребу найранг аз худ намуда, баъдан якбора бе ному нишон ғайб задааст. Ҳамсояи 43 -солааш ба ин мард ваъда додааст, ки бар ивази ин маблағ хонаи якҳуҷрагиро дар маҳаллаи Зарафшон ба номаш мегузаронад, аммо баъди гирифтани маблағ мӯйсафедро ба қавле “кидат” карда мегурезад.


Волидонаш бо садҳо умеду орзуҳои нек ӯро ба писари як шиносашон, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст, ба шавҳар медиҳанд, аммо ин арӯсӣ ба Анисаи нозанин хушбахтӣ наовард.


Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативии ҷустуҷӯӣ қаллоб ба даст афтид. Нисбати ин марди фиребгар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Мо аз тамоми сокинони кишварамон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки зимни додугирифт ва муомилоти пулӣ эҳтиёткор бошанд, то ки ба доми чунин қаллобону мардумфиребон наафтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД